13 шаҳрванди Русия ба "дахолат дар интихоботи Амрико" айбдор шуданд

Роберт Мюллер

Масъулони таҳқиқи парвандаи “дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи Амрико” алайҳи 13 шаҳрванду ширкати русӣ айб эълон карданд. Онҳо рӯзи 16-уми феврал гуфтанд, ки мудохилаи русҳо дар умури сиёсии Амрико аз соли 2016 оғоз шудааст.

Русия корзори зиддиамрикоии худро аз соли 2016 оғоз кардааст. Муддатҳо пеш аз онки ман номзадии худро барои интихобот эълон кунам

Дар санади марбут ба эълони ҷурми додгоҳ омадааст, бархе аз ин афрод худро амрикоӣ вонамуд карда, бо шахсоне, ки он замон бо ситоди интихоботии Доналд Трамп ҳамкорӣ доштанд, иртибот барқарор карда буданд. Ин муҳимтарин иттиҳом аз оғози таҳқиқи додситони вижа Роберт Мюллер аст.

Баъди интишори айбнома, Род Розенстайн – муовини додситони кулли Амрико – ба хабарнигорон гуфт, аммо нишонае дар даст нест, ки дахолати Русия ба натиҷаҳои интихоботи соли 2016 таъсир доштааст, ё не. Ӯ ёдовар шуд, ки санад иддао мекунад, “тавтиагарони рус ба дунболи бештар шудани ихтилоф дар Иёлоти Муттаҳида ва коҳиши эътимоди умумӣ ба демократия будаанд”.

“Мо набояд иҷоза диҳем, ки онҳо дар ин кор муваффақ шаванд”, - афзуд муовини додситони кулли Амрико.

Доналд Трамп

Дар ин миён Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, бо ишора ба эълони ҷурм ва низ изҳороти муовини додситони кулл дар Твиттер навишт, “Русия корзори зиддиамрикоии худро аз соли 2016 оғоз кардааст. Муддатҳо пеш аз онки ман номзадии худро барои интихобот эълон кунам”.

Ӯ гуфт, натиҷаҳои интихобот таҳти таъсир қарор нагирифтааст ва ситоди интихоботии Трамп “кори хатое анҷом надодааст.”

Дар Маскав сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков бо ин нукта иктифо кард, ки ҳанӯз аз муҳтавои эълони ҷурм огоҳ нест. Аммо сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия дар вокуниши аҷибе дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, “13 тан дар интихоботи Амрико мудохила кардаанд? 13 тан дар муқобили миллионҳо доллари буҷет? Ин хандаовар нест? Бале, ин воқеияти сиёсати муосири Амрикост.”

Асоситарин ниҳоде, ки ҳадафи ин иттиҳомот қарор гирифтааст, як ширкати пажӯҳиши интернетӣ аст, ки бар асоси санади мунташиршуда ҳадафаш афзоиши ихтилоф дар системаи сиёсии Амрико, аз ҷумла интихоботи президентии соли 2016 будааст.

Дар ин замина гуфта шудааст, ки муттаҳмон иттилооти номатлубе алайҳи бархе аз номзадҳо чоп кардаанд ва “нимаи соли 2016 иқдомоти онҳо шомили ҳимоят аз корзори интихоботи Доналд Трамп ва беэътибор кардани Ҳилларӣ Клинтон шудааст.”

Тими иборат аз додситонҳо ва коршиносон, ки зери назари Роберт Мюллер фаъолият мекунанд, таҳқиқоти амиқеро дар мавриди дахолати эҳтимолии Русия, аз ҷумла иртиботи эҳтимолӣ миёни ҳамкорони ситоди интихоботии Трамп ва мақомҳои русро анҷом медиҳанд. Дафтари Роберт Мюллер пештар алайҳи ду тан аз мақомҳои собиқи ситоди интихоботии Доналд Трамп, аз ҷумла раҳбари пешини ситод Пол Манафорт эълони ҷурм карда буд.