Муаллимаи рақс барои тамошо накардани паёми президент аз кор ронда шуд

Саида Рустамова

Маъмурияти Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар шаҳри Душанбе як устоди ин коллеҷро ба хотири тамошо накардани паёми президент ба порлумон аз кор рондаанд. Устоди рондашуда Саида Рустамова аст, ки тайи 4 соли ахир дар ин коллеҷ дар шӯъбаи рақси классикӣ ба ҳайси консертмейстер ба шогирдон дарс мегуфт.

Ман паёмро барои он тамошо карда натавонистам, ки ҷойи нишаст набуд. Дар як курсӣ се талаба менишаст.

Дар фармоне бо имзои роҳбари коллеҷ Кенҷа Иброҳимов, "қотеона саркашӣ кардан аз иштирок дар Паёми Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи телевизион дар муассиса" яке аз сабабҳои аз вазифа сабукдӯш шудани муаллима Рустамова гуфта шудааст. Ин фармонро рӯзи 15-уми январ имзо кардаанд. Нусхаи он рӯзи 14-уми феврал ба дасти Радиои Озодӣ расид.

"Дар толор ҷои нишаст набуд..."

Саида Рустамова рӯзи 14-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд кордиҳандаи собиқаш дар фармон сабаби барканории ӯро рад кардани тамошои паёми президент навиштаааст, “аммо дар асл ин тавр нест”. Рустамова гуфт, ӯ мехост паёми президентро тамошо кунад, аммо дар толор ҷойи нишаст набуд. Вай гуфт, "ман паёмро барои он гӯш карда натавонистам, ки дар толор ҷойи нишаст набуд. Дар як курсӣ се талаба менишаст. Ин корро барқасдона накардам, балки имконияти тамошо кардан набуд”.

Рустамова гуфт, ӯ нисбат ба президент хеле эҳтиром дорад ва доим паёми ӯро ба Маҷлиси Олӣ тамошо ва гӯш мекард. "Дар сумкаам матни паёми президентро бо худ дорам. Ҳеҷ гоҳ ба худ иҷоза намедиҳам, ки нисбат ба он кас ягон беэҳтиромӣ кунам", - иброз дошт Саида Рустамова.

​Ӯ чаҳор сол боз дар Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дарс мегӯяд. Фармони сабукдӯш шудан аз кор барояш ногаҳонӣ буд, чун ба қавли ӯ, пешаи худро дӯст медорад ва тайи ин муддат вазифаи ду кормандро иҷро карда, маоши як нафарро мегирифт.

Шикоят ба дастгоҳи иҷроияи президент ва Вазорати фарҳанг

“Коллеҷ дигар корманде, ки ихтисоси маро таълим дода тавонад, надорад. Тӯли ҳамин муддат ман ба ҷойи ду нафар таълим медодам. Ҳоло ба дастгоҳи иҷроияи президент ва Вазорати фарҳанг аз болои ин фармон шикоят кардам ва мунтазири посух ҳастам”, - иброз дошт Рустамова.

Саида Рустамова аз ниҳодҳои болоӣ интизор дорад, ки қарори сабукдӯш шудани ӯро бекор карда, ба ҷои кораш барқарор намоянд ва, инчунин, музди маоши кори иловагиашро тӯли ин муддат пардохт кунанд.

Музаффар Темурзода​, роҳбари раёсати муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "шикояти Рустамова дар ин бобат, воқеан, ба Вазорати фарҳанг ворид шудааст ва ҳуқуқшиносони вазорат шикояти ӯро баррасӣ доранд. Ҳоло ман чизе дар ин бора гуфта наметавонам, чунки масъалаи ҳуқуқӣ аст ва ҳуқуқшиносон бояд онро арзёбӣ кунанд”.

Паёми президент ба вакилони порлумон рӯзи 22-юми декабри соли 2017 садо дод ва он тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон мустақим пахш шуда буд. Паёми президентро кормандони тамоми идораву ташкилот таввасути телевизион тамошо мекунанд.

Роҳбари Коллеҷ: "Рустамова иғвогар аст"

Дар ҳамин ҳол, Кенҷа Иброҳимов, роҳбари Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Саида Рустамова дастуру супоришҳои коллеҷро иҷро намекард ва бо роҳбарият муносибати дағал дошт. Ӯ гуфт, “ба хотири вайрон кардани қоидаҳои дохили коллеҷ аз кор сабукдӯш карда шуд. Вақте қоидаҳои дохили корхонаро вайрон кардиву бо роҳбарият муносибати дағалона кардӣ, аз кор меравӣ. Боз бар замми ин ба чанд ҷо аз мо шикоят бурдааст. Одаме, ки дилу нияташ пок аст, агар бо табар занӣ ба ҷое шикоят намебарад. Аммо шахсе, ки ботинаш пок нест, иғвогар аст ва ба ин кор даст мезанад”.

Кенҷа Иброҳимов афзуд, Рустамова ба ҳамин шева аз коллеҷи мусиқавии ба номи Аҳмад Бобоқулов, Донишгоҳи санъат ва Консерваторияи миллӣ низ қаблан ронда шуда буд.

Зимнан фармони аз кор сабукдӯш шудани муаллима Саида Рустамова тибқи моддаи 42-юми Кодекси меҳнати Тоҷикистон асоснок шудааст. Ин модда шароитҳоеро номбар мекунад, ки бар тибқи он кордиҳанда метавонад кормандро бидуни хоҳиши ӯ аз кор ронад.

Дар ғайри мавридҳои зикршуда дар ин модда аз кор рондани корманд дар Тоҷикистон мамнуъ аст.