Салим-бойбача такягоҳи кист?

Салим Абдувалиев

Як навор бо ҳузури Салим Абдувалиев (Салим-бойбача), дар гузашта шахсияти маъруф дар олами ҷиноӣ ва ҳоло муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Узбекистон, баҳси гармеро дар Қирғизистон ба по кард.

Салим Абдувалиев, маъруф бо лақаби “Салим-бойбача”-ро дар баъзе аз доираҳои Тоҷикистон низ хуб мешиносанд, аммо аз сӯҳбат дар бораи ӯ худдорӣ мекунанд.

Дар ин видео, ки рӯзи 13-уми феврал ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ду намояндаи Қирғизистон Салим-бойбачаро одами худӣ муаррифӣ карда, барои пуштибониаш аз қирғизҳо, махсусан раиси ҷумҳур Сооронбой Ҷеенбеков, тавсиф намудаанд.

Ин ду намояндаи Қирғизистон дар тан ҷомаву дар сар тоқии зардӯзӣ доранд ва дар ду тарафи Салим-бойбача ҷой гирифтаанд. Онҳо бо забони русӣ мегӯянд, ки Салим-бойбача такягоҳи онҳост.

"Салимбой Қирғизбоевич бо мост. Мо аз ин ифтихор дорем. Салимбой-ака одами мост, такягоҳи мост. То замоне ки ӯ ҳаст, қирғизҳо ҳастанд. Салимбой-ака аз президент Ҷеенбеков ҳам дастгирӣ мекунад", - садо медиҳад дар видео.

Салим Абдувалиев дар навбати худ ба рушди ҳамкориҳои миёни Узбекистону Қирғизистон таъкид карда, изҳори умед намудааст, ки дар оянда муносибатҳо беҳтар хоҳанд шуд. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қирғизистон ин видеоро мояи хиҷолатзадагӣ донистаанд. Бисёриҳо инро як хушомаде донистаанд, ки обрӯи намояндагони Қирғизистонро ба истилоҳ “ба замин задааст”.

Аммо то ба ҳол раёсати ҷумҳури Қирғизистон ин видео, махсусан ҳимояти Салим-бойбача аз Сооронбой Ҷеенбековро шарҳ надодааст.

Номи Салим Абудвалиев дар остонаи интихоботи порлумонии соли 2015 дар Қирғизистон ҷанҷол барангехта буд. Он замон гуфта буданд, ки Салим-бойбача дар Қирғизистон ҷилави тиҷорати бузургро дар даст дорад ва дар Ӯш аз сокинони узбактабор хостааст, дар интихобот аз ҳизби Қирғизистон ҳимоят кунанд.

Салим-бойбача дар баробари Ғафур Раҳимов ва Олимҷон Тӯхтаохунов, мулаққаб ба “Тайванчик” аз машҳуртарин намояндагони олами ҷиноии Узбекистон номбар мешавад. Дар солҳои ахир Салим-бойбача ба яке аз соҳибкорони пурнуфуз дар арсаи тиҷорати Узбекистон табдил ёфта, ҳамзамон бо дасти хайру саховатмандӣ ва ихтисоси маблағҳои бузург барои барномаҳои хайрия маъруф шудааст. Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, Салим-бойбача сарпарасти як идда аз ситораҳои ҳунари Узбекистону Русия низ ҳаст.

Соли 2014 дар тӯйи арӯсии Малика Абдувалиева – набераи Салим-бойбача дар тӯйхонаи мӯҳташаме бо номи “Гранд Осиё”-и Тошканд ситораҳои шоу-бизнеси Русия, аз ҷумла Иосиф Кобзон ва Николай Басков ва овозхонҳои саршиноси Узбекистон Фаррух Зокиров¸ Наргис Зокирова¸ Юлдуз Усмонова ва Севара Назархон ҳунарнамоӣ карданд. Соқӣ ва барандаи тӯй – яке аз раҳбарони Шабакаи аввали телевизиони Русия Валдис Пелш будааст.

Салим Абдувалиев, маъруф бо лақаби “Салим-бойбача”-ро дар баъзе аз доираҳои Тоҷикистон низ хуб мешиносанд, аммо аз сӯҳбат дар бораи ӯ худдорӣ мекунанд. Фақат ин нукта рӯшан аст, ки баъд аз ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 Додситонии кулли Тоҷикистон ба эҳтимоли даст доштани Салим Абдувалиев дар ин ҳодисаҳо ӯро мавриди бозпурсӣ қарор додааст.