Ҳукумати Тоҷикистон ва Бунёди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ як созишномаеро имзо карданд, ки ҳадафи он аз камбизоатӣ берун кашидани тақрибан 50 ҳазор хонавода дар Тоҷикистон аст.
Барои иҷрои тарҳи мазкур ва кӯмак ба ин хонаводаҳо дар ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Норак, Рашт ва Тоҷикобод, бештар аз 39 миллион доллар ихтисос медиҳанд. Созишномаи дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар ҷамоатҳо дар Тоҷикистонро рӯзи 8-уми феврал, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия ва Жилбер Фосун Хунгбо, раиси Бунёди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ дар шаҳри Рум, пойтахти Итолиё имзо кардаанд.
Вазорати молия рӯзи 11-уми феврал дар вебсайташ хабар дод, ки ҳадаф аз иҷрои ин тарҳ беҳтар кардани дастрасии мардуми кишоварз ба технологияҳои тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ, афзудани ҳосили зироати мардум ва мутобиқ кардани онҳо ба тағйири иқлим аст. Бештар аз 70 дар сади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва кишоварзӣ яке аз муҳимтарин бахши иқтисоди кишвар аст. Айни замон фақру камбизоатӣ маҳз дар манотиқи кишоварз ва бахусус ноҳияҳои дурдаст зиёд аст.