Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, барои ширкат дар плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) – 2018 ба дархости қаблан пешниҳодкардааш боз ду бозигарро илова намуд. Инҳо легионерҳо - нимҳимоятгарон – Сергей Чеботарёв аз Украина ва Фурқатҷон Ҳасанбоев аз Узбекистон мебошанд. Фурқатҷон Ҳасанбоев қаблан дар ҳайати дастаҳои "Нефтчӣ" ва "Андиҷон" бозӣ кардааст.
Бозии аввали “Хуҷанд” дар плей-оффи Ҷоми AFC-2018 бо «Аҳал»-и Туркманистон рӯзи 13-уми феврал дар Балканобод барпо мегардад.
Пештар бошгоҳи “Хуҷанд” ба рӯйхат ду легионер - дарвозабон Алексей Матросов аз Эстония ва ҳамлагар Агблей Ҷонс аз Ганаро дохил намуда буд.
Ба ин тартиб, ба дархости дастаи «Хуҷанд» барои иштирок дар Ҷоми AFC ҳамагӣ 20 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар – дохил шудаанд. Тибқи дастури мусобиқот, дар мавриди роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC “Хуҷанд” метавонад ба дархосташ боз панҷ бозигари дигарро илова созад.
Дархости «Хуҷанд» барои иштирок дар Ҷоми AFC-2018:
Дарвозабонҳо: Алексей Матросов (Эстония), Дилшод Додобоев, Муъминҷон Гадойбоев;
Ҳимоятгарон: Соҳибҷон Ҳакимов, Рустам Домлоҷонов, Фирдавс Чақалов, Хуршед Бекназаров, Манучеҳр Аҳмадов, Далерҷон Тухтасунов;
Нимҳимоятгарон: Сергей Чеботарёв (Украина), Фурқатҷон Ҳасанбоев (Узбекистон), Абдусамад Ҳоҷибаев, Эҳсон Бобоев, Кароматулло Саидов, Ҳикматулло Расулов, Дилшодҷон Каримов, Амирҷон Раҳимов;
Ҳамлагарон: Агблей Ҷонс (Гана), Дилшод Бозоров, Ҷаҳонгир Эргашев.
Сармураббӣ: Рустам Хоҷаев.
Рақиби дастаи “Хуҷанд” дар плей-оффи Ҷоми AFC-2018 тими «Аҳал»-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Туркманистон, мебошад.
“Аҳал” бозии ҷавобии даври пешакии Ҷоми AFC-ро, ки 30-юми январ дар Балканобод баргузор шуд, бо тими «Дордой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 2:2 анҷом дод. Дар бозии аввал, ки 23-юми январ дар Бишкек барпо гардид, “Аҳал” бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада буд. Ҳамин тариқ, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ футболбозони туркман ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.
Бозии аввали “Хуҷанд” дар плей-оффи Ҷоми AFC-2018 бо «Аҳал»-и Туркманистон рӯзи 13-уми феврал дар Балканобод барпо мегардад. Бозии ҷавобии ин дастаҳо рӯзи 20-уми феврал дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд баргузор мешавад.
Ғолиби ин ҷуфт ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 роҳ ёфта, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои қаҳрамони кишварҳои худ - «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон - рақобат мекунад.
Ҷоми АFC-2018
Плей-офф. Бозии аввал
13 феврал (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 15:00
«Аҳал» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
Балканобод, варзишгоҳи «Спорт Топлуми»
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
20 феврал (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:00
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»