"Ҳар чӣ хоҳӣ медиҳам, биё, маъшуқаи ман шав"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Озори ҷинсии занон дар ҷойи кор дар Тоҷикистон аксар вақт аз назари ҷомеа пинҳон мемонад. Онҳое, ки чунин ҳолатро таҷруба кардаанд, беҳтар медонанд, аз ҷойи кор бираванд, то инки аз мушкил лаб кушода, бадном шаванд. Ва корфармоёни мард низ аз ин вазъият суистифода мекунанд.