Посухи "Грин голд" ба сокинони Шаҳритус: Мо ҳам мусулмонем

Ширкати "Грин голд" иддаои сокинони деҳаи "Ватан"-и ҷамоати Обшорони Шаҳритусро, ки гӯё як ширкати эронӣ заминҳои онҳоро соҳибӣ карда ва ҳатто дафни мурдагонро дар қабристонашон ба душворӣ рӯбарӯ кардааст, рад мекунад. Дар посухи ин ширкат ба як матлаби Радиои Озодӣ аз рӯзи 10-уми январи соли ҷорӣ бо номи "Баҳси деҳи Ватан ва ширкати “Грин голд” ба куҷо мебарад?", ба паҳлӯҳои зиёди ин баҳс рӯшанӣ андохта шудааст.

"Мо кормандони ширкат ҳама мусулмонем ва дар фикри зарар расондан ба ҳеҷ мусулмоне нестем. Чӣ зинда бошаду чӣ мурда", - мегӯянд масъулони ширкати "Грин голд".

Дар посухи ин ширкат омадааст, ки заминҳои пистазори мавзеи "Обшорон"-ро на як ширкати эронӣ, онгуна, ки сокинони ин мавзеъ иддао доранд, балки ширкати ватании "Грин голд" ё "Тиллои сабз" ба иҷора гирифтааст. “Грин голд” мегӯяд, ки соли 2015 дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара ба ҳадафи рушди пистапарварӣ дар кишвар, таъсис шудааст.

Масъулони ин ширкат мегӯянд, ки ҳадафи онҳо эҷоди ҷойҳои корӣ ва рақобатпазир кардани пистаи истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷаҳон мебошад ва барои ин, ногузир мутахассисони хориҷиро барои машварату омӯзиш додани мутахассисони маҳаллӣ ҷалб карданд.

Баҳси деҳи Ватан ва ширкати "Грин голд" ба куҷо мебарад?

Дар посухи “Грин голд” омадааст, ки дар гузашта заминҳоеро, ки ҳоло ин ширкат ба ҳадафи пистапарварӣ ба иҷора гирифтааст ва бархе сокинони маҳаллӣ дар атрофи он сару садоҳо ба по кардаанд, як ширкати дигар ба истифода гирифта буд, аммо бинобар обёрӣ нашудан, мавриди баҳбарбардорӣ қарор нагирифт ва ҳамин тавр аз бахши андоз қарздор монд. Аммо “Грин голд” мегӯяд, ки дар се соли қабл тасмим гирифтанд, ки ин заминҳои бекорхобидаро ба иҷора гирифта ва пистапарвариро ба таври ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Нақшаи замине, ки сокинони маҳаллӣ бо ширкати "Грин голд" баҳс доранд.

"Ширкати мо барои корам ва обод кардани замин маблағи қарзи андози ин заминҳоро пардохт намуда, ҳудуди 88,61 га, ки аз ин 77,55 гектараш замини боир (яъне замини аз кишт бозмонда) аст дар он мавзеъ ба иҷора гирифт. Барои обёрӣ кардани ин заминҳо ширкати "Грин голд" ҳудуди 2000 метр хатти барқ кашида, трансформатор насб кард, то тавассути обкашҳои калон заминҳоро обёрӣ кунад",-омадааст дар посухи “Грин голд”

Ширкати “Грин голд” сипас ба нуқтаи аслии баҳс миёни ин ширкат ва шуморе аз сокинон ишора карда ва мегӯяд, ки дар раванди обёрӣ намудани ин заминҳо, як ҷӯйбори калон аз болои қабристони навбунёди деҳа мегузарад ва замини қабристон, ки дар пастӣ қарор дорад, хатари зери об монданро дорад.

Навор аз бойгонӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мазор бошад ё пистазор?

Бинобар ҳамин онҳо пешниҳод карданд, ки қабристон дар гӯшаи дигари замин бунёд шавад ва дар ин робита раиси ноҳияи Шаҳритус низ бо мардуми мавзеъ мулоқот намуда, масъаларо бо онҳо матраҳ кардааст. Ба гуфтаи масъулони "Грин голд", ҳатто ширкати онҳо пешниҳод намудааст, ки аз ҳисоби худ аз поёни заминҳо роҳу пул созад, то аз ин ба баъд мардум мурдаҳои худро дар тарафи дигари замин, ба хок супоранд.

Аз сӯи дигар, “Грин голд” мегӯяд, ки тибқи қонунгузориҳои кишвар дар заминҳои корам бунёди қабристон иҷозат дода намешавад ва шахсе бо номи Бобои Раҳим, ки дар раъси кашмакаш алайҳи онҳо қарор дорад, дар васати замини корам иҷозаи бунёди қабристонро гирифтааст.

Раҳим Абдуллоев, раиси маҳаллаи Ватан ва аз домуллоҳои деҳа қаблан ба Радиои Озодӣ гуфт, гӯру чӯби мардуми деҳа бар зиммаи онҳост ва ин масъала ҳамеша барои сокинони маҳаллӣ дарднок аст ва сокинони деҳа то шаш моҳи пеш намедонистаанд майити худро дар куҷо ба хок супоранд. Ӯ гуфа буд, ки сокинони маҳаллӣ билохира соҳиби мазор шудаанд, беш аз 50 ҳазор сомониро барои маҳкам кардани атрофи мазор ва сангу шағал рехтани роҳаш сарф кардаанд, вале ширкати "Грин голд" мегӯяд, ки "ё мазорро аз инҷо кӯч диҳед ё роҳатонро иваз кунед":

Аммо ширкати "Грин голд" суол мегузорад, ки "бо ҷо задани худ ҳамчун ғамхори "мурдаҳо" ва дӯстдори " қабристон" чаро Бобои Раҳим аз роҳи қонунӣ иқдом намекунад? Чаро ширкати моро ба додгоҳ намекашад? Чун Бобои Раҳим хуб медонад, ки аз лиҳози қонунӣ ҳақ бар ҷониби "Грин голд" аст, чун мувофиқи қонун қабристоне, ки ӯ ба "дифоъу ҳимояташ" остини ҳиммат боло задааст, дар ҷойи қонунӣ ҷойгир нашудааст."

“Грин голд” мегӯяд, ки Бобои Раҳим мехоҳад аз тариқи расонаҳо худро "мазлум" ҷилва дода бо иттиҳомбандӣ ба ширкати онҳо додхоҳӣ кунад. "Мо кормандони ширкат ҳама мусулмонем ва дар фикри зарар расонидан ба ҳеҷ мусулмоне нестем. Чӣ зинда бошаду чӣ мурда."

Дар поёни ин посухи ширкати "Грин голд" омадааст, ки "агар Бобои Раҳим мехоҳад бо ин иттиҳомоти беасосу яктарафа ширкати моро бадном намуда худро дустдору ғамхори "мурдаҳову қабристон" ҷилва диҳад, мо ба маълумоти ҳама мерасонем, ки ширкати "Грин голд" ҳам ба зиндаҳои он мавзеъ ҷойи кори доимӣ бо маоши муносиб фароҳам менамояд ва ҳам барои мурдаҳо мавзеъеро аз ҳисоби заминҳояш барои дафну қабр кардан ҷудо намуда, роҳу пулро ба он қабристон аз ҳисоби худ ба ӯҳда гирифтааст."