Ҷузъиёти қатли ду чӯпон дар Хушекат

Деҳаи Хушекати ноҳияи Деваштиҷ.

Ду чӯпони як деҳа дар ноҳияи Деваштиҷ (Ғончии қаблӣ) ба дасти ду сокини ин маҳал ба қатл расидаанд. Мақомоти пулис гумонбарони ин кушторро дастгир намуда, тафтиши қазия идома дорад.

Ҷасадҳои зарбхӯрдаи ду чӯпони деҳаи Хушекати ноҳияи Деваштиҷ -- Баҳром Ҷӯраев ва Абдувосит Мирзоевро сокинон бегоҳии рӯзи 7-уми феврал дар чарогоҳи маҳал дар кӯҳистон пайдо карданд. Дар пай мақомоти интизомӣ як сокини ин деҳа Саидмулло Мирзораҳимов ва сокини ҳамсояқишлоқи Даҳкат Зуҳриддин Боқиевро бо иттиҳоми даст доштан дар ин куштор дастгир кардаанд.

Ҳодиса аз чӣ сар зад?

Лутфулло Давлатов, муовини раиси ҷамоати Ростровут, ки деҳаҳои мазкур ҷузъи он маҳсуб меёбанд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 9 - уми феврал гуфт, ки ин куштор боиси нигаронии сокинон гардид, вале дар пайи сӯҳбатҳо оилаҳои мусибатрасида ором карда шуданд ва аз сар задани муноқишаҳо бо ҳамдигар ҷилавгирӣ карда шуд.

Солҳои қаблӣ низ дар бораи ҷанҷолу муноқишаҳо байни сокинони деҳаҳои ноҳияи Деваштич гузориш шуда буд, вале он ҷанҷолҳо бо муноқишаҳои лафзӣ ва сангандозӣ ба сӯи ҳам ва саркафонӣ анҷом ёфта, қурбониҳои ҷонӣ дар пай надошт.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз 2 нафари боздоштшуда -- Зуҳридин Боқиев чӯпон буда, моли мардумро мечаронид. Дуюмӣ – Саидмулло Мирзораҳимов дар муҳоҷирати Русия бо ҷурми куштори як зани рус ҳудуди 9 солро паси панҷараи зиндон гузаронида, авоили соли гузашта ба зодгоҳаш баргашта буд.

"Инҳо вақти муноқиша ҳар чор маст будаанд. Онҳо пештар бо ҳам рафоқат ва рафтуомад доштаанд, аммо чӣ муносибати ғаразноки ба мо номаълум байнашон пайдо шуда, ки ҷанҷолу муноқиша кардаанд ва ду нафар рафиқонашон, Баҳрому Абдувоситро ба ҳалокат расонидаанд", - афзуд мусоҳибам.

Парванда алайҳи боздоштшудаҳо

Мақомоти пулиси Деваштич тибқи банди “қасдан ба ҳалокат расонидани одамон” парванда боз карда, тафтиши қазияро пеш мебаранд. Як нафари наздик ба тафтиши ин парванда гуфт, дар ҳоли ҳозир ба далели ошкор накардани сирри тафтишот, аз бозгӯи ҷузъиёти бештари ин қатл ва сабабҳои он худдорӣ мекунад.

Ба гуфтаи сокинони деҳаи Хушекат, Баҳром Ҷӯраев 37-сола ва рафиқаш – 47 сола буда, ҳар ду оиладор буданд ва аз пайи пешаи чӯпонӣ рӯзи худу аҳли оилаашонро ба даст меоварданд. Як мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, “Баҳром умре аз пайи мол мегашт ва боре ғалтида, биноии як чашмашро ҳам аз даст дода буд. Ӯро зада кушта, бурда аз ҷар ба зер партофтаанд.”

Як фарзия

Деҳаи Хушекати Деваштиҷ

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, як сокини деҳаи Хушекат, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, яке аз омилони қатл гӯё бо як зани маҳаллии бешавҳар муносибатҳои маҳрамона доштааст. Чӯпон Баҳром Ҷӯраев боре он занро маломат кардааст, ки бо фалонӣ бадгардӣ мекунӣ ва ӯро ба сарпарастӣ гирифтаӣ, аммо аз шавҳари ҷудошудаат алименти зиёдтар талаб мекунӣ. Ӯро рафиқаш - Абдувосит Мирзоев дастгирӣ ва занро мазаммат кардааст. Ин ҳарфҳо ба гӯши ба марди наздики он зан расида, ба хотири қассос ҳамроҳи рафиқаш ҳар ду чӯпонро ба ҳалокат расонидааст.

Вале ин фарзияи бархе сокинон аст ва тафтиши мақомот ҳанӯз поён наёфта, сабаби аслии сар задани муноқишаву ҷанҷоли байни сокинони мазкурро, ки бо қатли ду нафари онҳо анҷом ёфт, эълон накардаанд.

Муноқишаҳои қаблӣ дар Ғончӣ

Солҳои қаблӣ низ дар бораи ҷанҷолу муноқишаҳо байни сокинони деҳаҳои ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) гузориш шуда буд, вале он ҷанҷолҳо бо муноқишаҳои лафзӣ ва сангандозӣ ба сӯи ҳам ва саркафонӣ анҷом ёфта, қурбониҳои ҷонӣ дар пай надошт.

Биноба маълумоти расмӣ, дар соли гузаштаи 2017 дар вилояти Суғд ҷиноятҳои куштор ва суиқасд ба куштор рӯ ба коҳиш дошта, 27 ингуна ҷиноят ( 9 адад кам назар ба соли 2016 ) ба қайд гирифта шудааст.