Қӯрғонтеппа беш аз 100 автобусу таксии нав мехарад. ВИДЕО

Ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон ният дорад, ки 39 автобус ва 100 худрави кирокаш (таксӣ) бихарад. Ин барнома бо даҳ миллион доллар кумаки Бонки Рушди Аврупо амалӣ хоҳад шуд. Қарор аст, автобусҳо ба мусофиркашонӣ миёни шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Бохтару Сарбанд ва Вахшу Ҷалолуддини Балхӣ ҳаракат кунанд.

Дар Қӯрғонтеппа 500 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст, ки 1700 мошин ҳамчун таксӣ фаъолияти соҳибкорӣ доштаанд. Дар ин шаҳр арзиши таксиҳо дар дохили шаҳр аз як самт то самти дигар ду сомонӣ ва минибусҳо як сомонӣ ҳақ мегиранд.

​Ин иқдом мояи хушҳолии аксар сокинони минтақа шудааст, аммо соҳибони мошинҳои кӯҳнаю қадимӣ зоҳиран аз он чандон шод нестанд. ​

Ҷумъахон Меҳмондӯстзода, раҳбари дастгоҳи ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа, рӯзи 12-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ​"автобусҳои махсуси мусофиркашонӣ мушкили нақлиётро аз байн мебарад. Дар як гӯшаи шаҳр нуқтаи асосии автобусҳо, ки бояд гардиш анҷом диҳанд, сохта мешавад. Дар ин замина қарори раиси шаҳр имзо шудааст."

Масъулони идораи роҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯянд, дар сурати ворид шудани кирокашу автобусҳои замонавӣ, ки қарор аст ба зудӣ корро шурӯъ кунанд, автобусу таксиҳои кӯҳна аз шаҳр берун карда мешаванд. Ҳусниддин, сокини 47-солаи ноҳияи Бохтар, 11 соли ахир дар самти Бозор - маҳаллаи "Дӯстии халқҳо" кирокашӣ мекунад. Вай мегӯяд, мошини тамғаи «Нексия»-ашро дар ҳамин роҳ фарсуда кардааст, вале хабари овардани таксиҳои нав ба марказ ӯро на шод, балки бештар нороҳат кард.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Парки автобусу таксиҳои Қӯрғонтеппа нав мешавад

Ин кирокаш гуфт: "Мошинҳои мо кӯҳна аст. Ҳоло мусофирон кам-кам шикоят мекунанд. Агар таксиҳои замонавӣ ворид шавад, корамонро аз даст медиҳем. Чун барои харидани мошини нав имкон надорем". Ҳусниддин мегӯяд, ҳамарӯза аз 20 то 30 сомонӣ кор мекунад.

Кирокашҳои дигаре, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа кор мекунанд, низ ҳамин ташвишро дорад. Онҳо мегӯянд, дар сурати ворид шудани 100 таксии нав, кори онҳо камсамар мешавад. Мегӯянд, нафарони хуштолеъ шояд ба идораи "Бохтарнақлиёт-хизматрасон" ҳамчун кирокаш ба кор гирифта шаванд.

Афзал Юсуфзода, як масъули идораи роҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, иқдоми ахир метавонад мушкили нақлиёт, яъне танбашавию дар назди бозорҳо ҷамъ шудани таксиҳои кӯҳнаро аз байн барад. "Мушкил ҳал мешавад. Мошинҳои кӯҳнаву фарсуда аз миён бардошта мешаванд”, - афзуд ӯ.

Баҳсу даъво бо ронандаҳои таксиҳои куҳна, ки дар назди бозору дигар маконҳои серодам қарор мегиранд, ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппаро водор кардааст, автобусу таксиҳои замонавиро вориди хати сайрҳо кунад. Тибқи иттилои расмӣ дар водии Вахши вилояти Хатлон 7 ширкати нақлиётӣ фаъолият мекунад. Дар маҷмӯъ дар 54 хатсайр ба мусофирон хизмат расонида мешавад.

Барои таксиҳо ва автобусҳои замонавӣ ширкати "Бохтарнақлиёт-хизматрасон" дар чаҳор гектар замин дар назди бозори Ҳоҷӣ Шарифи шаҳри Қӯрғонтеппа парки нақлиётӣ созмон додааст. Ҳазинаи ин парк ду миллион доллари амрикоӣ аст.

Зимнан, дар шаҳри Қӯрғонтеппа 500 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст, ки 1700 мошин ҳамчун таксӣ фаъолияти соҳибкорӣ доштаанд. Дар ин шаҳр арзиши таксиҳо дар дохили шаҳр аз як самт то самти дигар ду сомонӣ ва минибусҳо як сомонӣ ҳақ мегиранд.