Шавкат Мирзиёев – раиси ҷумҳури Узбекистон – бо лафзи бисёр хашин алайҳи Хадамоти амнияти миллӣ ва баъзе аз раҳбарони он суҳбат кардааст. Дар ин бора сабти садои ҷаласае шаҳодат медиҳад, ки рӯзи 19-уми январи имсол бо ҳузури Мирзиёев дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон сурат гирифт.
Ҳоло онҳо касе нестанд. Одаме, ки ба ҳамаи онҳо чунин масъулият дода буд, дигар вуҷуд надорад.
- Ин садоро рӯзи 8-уми феврал яке аз иштирокдорони ҷаласа дар ихтиёри бахши узбакии Радиои Озодӣ гузошт.
"Он давраҳо гузаштааст"
Суханронии Мирзиёев, ба вижа, ҳарфҳояш нисбат ба Хадамоти амнияти миллии Узбекистон то кунун расонаӣ нашуда буд. Дар ин сабт президенти Узбекистон аз фаъолияти чандсолаи Хадамоти амният бо лафзи хашин ёдоварӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, Хадамот қудрати мутлақро дар кишвар, ба вижа, дар вилояти Сурхандарё аз даст додааст.
“Медонед, онҳо ҳанӯз мардумро қадр намекунанд. Онҳо то ба ҳол коре накардаанд, ки муносиб ба маошу рутбаҳояшон бошад. Бигзор онҳо бо ман гап зананд. Ҳокими одиро таъқиб накунанд. Он давраҳо гузаштааст. Ҳоким намояндаи ман аст. Мошини кадом ҳокиме аз мошини раиси Хадамоти амнияти миллӣ пеш гузаштааст ва ӯро ба ин хотир боздошт ва зиндонӣ карданд. Эй, ту худат кӣ ҳастӣ? Кӣ ба ту ин иҷозаро додааст? Агар зарур шавад, "погон"-ҳоятро канда мепартоям. Дар вилояти Сурхондарё он давраҳо гузаштааст”, - гуфт ӯ дар ҷаласаи рӯзи 19-уми январ, ки сабташ дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Одаме, ки ба онҳо вазифа дода буд, дигар нест"
Яке аз соҳибкорони Сурхондарё ба Радиои Озодӣ гуфт, ишораи президент Мирзиёев ба қазияи раҳбари пешини ноҳияи Бойсун Паҷӣ Тангриев аст. Тангриев моҳи апрели сои 2014 бар асоси шикояти чанд соҳибкор аз тарафи нирӯҳои Хадамоти амнияти миллии Узбекистон дар вилояти Сурхондарё боздошт шуд.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, дар ҷаласаи моҳи гузашта гуфтааст, агар қаблан гапи ҳоким ба касе намегузашт, ҳоло бояд ба онҳо авлавият дода шавад.
Ӯ гуфтааст, “барои чӣ аламовар аст? Ман 13 сол ба ҳайси нахуствазир кор кардаам. Ҳоким касе набуд. Ҳамаи ҳокимони вилоятҳо дар утоқи кори онҳо (раҳбарони СНБ) қарор доштанд. Агар ҳоким барои чизеро гуфтан ҷуръат мекард, дарҳол туҳмат мезаданд ва аз вазифа мегирифтанд. Аммо он давраҳо гузаштааст. Ман ба ҳеч кадоми он бовар надорам. Ба ман иттилои ҳеч кадоме аз онҳо зарур нест. Ҳоким, додситон, раҳбари идораи умури дохилӣ ва идораи андоз бояд ба нафъи ватан ва мардум хидмат кунанд. Ҳоло онҳо касе нестанд. Одаме, ки ба ҳамаи онҳо чунин масъулият дода буд, дигар нест.”
"Магар ту пул надодӣ?”
Дар сабте, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, Шавкат Мирзиёев номи муовини ҳамакнун пешини Хадамоти амнияти он кишвар Шуҳрат Ғуломовро низ мегирад. Вай Ғуломовро “хоин” номида, ӯро айбдор мекунад, ки “роҳбари порахӯрон аст”.
Ӯ мегӯяд, “барои ҳамин, ҳеч сармоягузоре ба Сурхондарё наомад. Наомад, барои онки аз онҳо метарсид. Онҳое, ки омаданд, дарҳол боздошту зиндонӣ шуданд. Дарҳол овоза карданд, ки ӯ одами кадоме ҳаст. Муттаҳам карданд, ки ӯ ба ҳоким “ҳақ” медиҳад. Ту кӣ ҳастӣ? Магар ту пул надодӣ?”
Мирзиёев моҳи июли соли 2017 дастур дод, ки рутбаи генералии Ғуломов бекор ва нисбат ба ӯ парванда боз шавад. Ба гуфтаи манобеъ, Ғуломов ҳоло дар маҳбас бозпурсӣ мешавад. Шуҳрат Ғуломови 53-сола соли 2007 дар замони раёсати Ислом Каримов унвони “Қаҳрамони Узбекистон”-ро соҳиб шуд. Вай карйераи худро ба ҳайси раҳбари идораи амнияти Сурхондарё сар карда, расман бо ҳамин вазифа ба поён бурд.
Раиси ҷумҳури Узбекистон моҳҳои ахир ба ислоҳот дар ниҳодҳои қудратӣ даст задааст.
Қаблан, Шавкат Мирзиёев вазири собиқи умури дохилӣ Адҳам Аҳмадбоевро ба “хиёнат” айбдор карда буд. Мирзиёев дар ҷаласаи муштараки ҳукумат ва порлумони Узбекистон рӯзи 22-юми декабри соли 2017 гуфт, барои “хиёнат”-аш ӯро аз рутбаи генерал-лейтенант маҳрум кардааст. Ин рутбаро Адҳам Аҳмадбоев соли 2014, дар замони раёсати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбекистон, гирифта буд.