"Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам". Таҷрибаи истифодаи Viber ва WhatsApp аз сӯи мақомот
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру навоҳӣ яке пайи дигаре паёмрасонҳои Viber ва WhatsApp-ро фаъол мекунанд, то сокинон дархосту шикоят ва аризаҳои худро ба ин ниҳод фиристанд. Зоҳиран ин иқдом, метавонад робитаи миёни мақомдорону ва сокинонро наздиктар кунад. Аммо онҳое, ки таҷрибаи муроҷиат аз тариқи паёмрасонҳои мансабдоронро доранд, ин иқдомро ба масали “Хоҷа боғ дорӣ? Дорам” ташбеҳ медиҳанд.