Тоҷикистон аз хидмати нозирони барқ даст мекашад. ВИДЕО

Ҷорӣ шудани шеваи нави ҷамъоварии пули бар дар шаҳри Хуҷанд боиси бекор мондани беш аз 75 нозири барқ шудааст. Чун насби усули биллинг дар ҳисобкунакҳои барқӣ заруратеро барои будани нозирони барқ боқӣ намегузорад.

Усмоналӣ Усмонзода

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об, рӯзи 31-уми январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, бо назардошти ба даст омадани натиҷаҳои хуб дар шаҳри Хуҷанд, қарор аст, айни чунин шеваи ҷамъоварии маблағ дар Душанбе ҳам ҷорӣ шавад. Дар сурати ҷорӣ шудани ин система нозирони барқ дар Душанбе ҳам метавонанд ҷойи кори худро аз даст бидиҳанд.

Соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд усули биллингии ҷамъоварии пули барқ ҷорӣ шуд ва масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои об мегӯянд, низоми нав боиси беш аз 3 дарсад коҳиш ёфтани талаботи барқ ва пурра ҷамъоварӣ шудани маблағи истифодаи барқ аз аҳолӣ шудааст. Айни замон Хуҷанд ягона шаҳри Тоҷикистон аст, ки пули барқ 100 дарсад пардохт мешавад.

Низоми биллинг ба шабакаҳои барқӣ имкон медиҳад, ки дар шакли онлайн масрафи барқро аз ҷониби муштариён назорат кунанд. Дар сурати тамом шудани маблағ дар корти муштарӣ ҳисобкунак ба таври автоматӣ интиқоли барқро ба муштарӣ қатъ мекунад.

Сокинони Душанбе дар ин бора чӣ назар доранд? Дар ин навори видео бибинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷикистон аз хидмати нозирони барқ даст мекашад