Шоҳиён: Муҳокимаи Кабирӣ дар Додгоҳи олӣ сар шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокимаи парвандаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, дар ғайбаш шурӯъ кардааст. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, рӯзи 1-уми феврал гуфт, азбаски парвандаи Кабирӣ махфӣ ё пӯшида аст, наметавонад ҷузъиётро ошкор кунад.