Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, баъди як соли ба курсии президентӣ нишастан дар ҷаласаи муштараки Конгресс суханронӣ кард. Ӯ дар ин паём дастовардҳои иқтисодии Амрикоро баршумурд ва барои ҳалли масъалаи муҳоҷират ба фаъолияти муштараки ду ҳизб даъват кард.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико Чину Русияро рақибоне номид, ки бояд ба онҳо бо “нерӯи беҳамто” муқовимат кард ва аз Конгресс хост, “камбудиҳои асосии” созиши атомии Эрон ва қудратҳои ҷаҳониро ислоҳ кунад. Трамп дар ин бора зимни нахустин паёми солонааш ба ҳарду палатаи Конгресси Амрико рӯзи 30-уми январ сухан гуфт.
Дар паёми тақрибан 80-дақиқаӣ ӯ асосан ба масоили дохилии Амрико, ба мисли таъмири зербунёдҳои фарсудаи кишвар, истифодаи беш аз ҳадди доруҳои таскиндиҳанда ва ислоҳоти низоми муҳоҷират сӯҳбат кард. Айни замон ба баъзе аз чолишҳои сиёсати хориҷиии Амрико пардохт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ гуфт, “режимҳои саркаш, гурӯҳҳои террористӣ, рақибоне чун Чину Русия манфиатҳо, иқтисод ва арзишҳои моро ба хатар меандозанд.”
“Зимни муқобила ба ин хатарҳо, мо медонем, ки заъф ҳатман ба низоъ мебарад ва нерӯи беҳамто, роҳи мутмаини дифои мо аст” – гуфт, Доналд Трамп. Суханронии ӯро мустақим дар телевизионҳои давлатии Амрико нашр карданд.
“Барои ҳамин ман аз Конгресс мехоҳам, сарфаҷӯии хатарнок дар бахши мудофиаро бас кунад ва артиши моро таъмини молии пурра кунад”. Доналд Трамп ба буҷаи чанд соли пеш ишора кард, ки дар он коҳиши харҷ дар бахши дифоӣ пешбинӣ шудааст.
Доналд Трамп ҳамчунин ба тазоҳурот ба зидди рӯҳониёни ҳоким дар Эрон ишора кард ва гуфт: “Вақте мардуми Эрон ба зидди ҷиноятҳои диктаторҳои фосид бархостанд, ман хомӯш наистодам. Амрико дар муборизаи ҷасуронаи мардуми Эрон дар канори онҳо аст.”
Ӯ аз Конгресси Амрико хост, бо қабули қароре, созиши атомӣ бо Эронро ислоҳ кунад, ки бар асоси он кишварҳои ғарбӣ баъзе аз таҳримоти нафасгиркунанда ба зидди Эронро аз байн бурданд.
Доналд Трпам ва ҷумҳурихоҳони зиёде батакрор ин созишро, ки дар аҳди раиси ҷумҳури пешин Барак Обама ба даст омад, танқид кардаанд.
Созиши ваҳшатнок ва диктатураи золим
Аммо Доналд Трамп нагуфт, ки Амрикоро аз созиш берун мекунад. Бисёре аз таҳлилгарон нигаронанд, ки дар сурати чунин коре Эрон зуд ба тавлиди бомби атомӣ шурӯъ мекунад.
“Ман аз Конгресс мехоҳам, камбудиҳои асосӣ дар созиши ваҳшатноки атомӣ бо Эронро ислоҳ кунад” – гуфт, Доналд Трамп.
Ӯ ҳамчунин гуфт, “талоши бемулоҳизаи” Куриёи Шимолӣ метавонад ба зудӣ барои Амрико хатар эҷод кунад.
Ӯ гуфт, ки Амрико маъракаи “фишори ҳадди аксар” ба Куриёи Шимолӣ ва баландпарвозиҳои атомии онро ба роҳ андохтааст ва Пхенянро “диктатураи золим” номид.
Гуантанаморо набандед
Доналд Трамп эълон кард, ки дастур додааст, боздоштгоҳи Гуантанаморо дар Куба нигаҳ доранд.
“Дар гузашта мо аҳмақона садҳо террористи хатарнокро озод кардем, то бо онҳо дар майдони ҷанг рӯ ба рӯ шавем аз ҷумла Ал-Бағдодӣ, раҳбари ДОИШ-ро” -гуфт, Доналд Трамп.
Ал-Бағдодиро нерӯҳои Амрико дастгир карда ва дар зиндоне дар наздикии Бағдод нигаҳ медоштанд. Аммо соли 2004 ба дасти нерӯҳои Бағдод супурданд ва ироқиҳо ӯро муддате баъд озод кардаанд.
“Ман дастуреро имзо карда ва ба вазири дифо Маттис амр додам, ки боздоштгоҳи Гуантанаморо боз нигаҳ дорад” иброз дошт, Доналд Трамп.
Дастури Доналд Трамп бар хилофи дастури Барак Обама аст, ки хоста буд, Гуантанамо комилан баста шавад, вале ин дастури ӯ низ ба сабаби мухолифати вакилони амрикоӣ баста нашуд.
Ин боздоштгоҳ баъди ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2011 бо дастури Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури собиқи Амрико боз шуд ва дар онҷо зиндониёни хатарнокро нигаҳдорӣ ва бозпурсӣ мекарданд. Дар соли 2003 дар он 680 маҳбус буд ва 500 нафараҳон дар аҳди худи Трамп ва 198 нафари онҳоро дар ҳашт соли раёсати ҷумҳурии Обама озод карданд. Дар он ҳоло 41 маҳбус нигаҳдорӣ мешавад.
Ҷамъбасти як соли пурталотум
Бо ҳамин суханронӣ, Доналд Трамп як соли пурталотуми раёсати ҷумҳуриаш дар Амрикоро ҷамъбаст кард. Ба у ва шариконаш аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ муяссар шуд, низоми молиётситонӣ дар кишварро дигар кунанд, иқтисоди Амрико пешрафти қавие дорад, бекорӣ камтар мешавад ва қимати саҳҳом дар бозорҳои молӣ болотар мераванд.
Дар гузашта мо аҳмақона садҳо террористи хатарнокро озод кардем, то бо онҳо дар майдони ҷанг рӯ ба рӯ шавем аз ҷумла Ал-Бағдодӣ, раҳбари ДОИШ-ро.
Аммо баъди адои савганд ба ҳайси раиси ҷумҳур дар моҳи январи соли 2017, раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп бо баҳсу кашмакашҳо, тағйири ғайриоддии кадрҳо, баҳсҳои байниҳамдигарии ниҳодҳои давлатӣ ва муноқишаҳои пасипардагӣ олуда шуд.
Дар соли аввали раёсати ҷумҳуриаш низ тафтишотҳои гуногун дар бораи ҳамдастии шарикони Трамп бо мақомоти Русия оғоз ёфт. Чаҳор шарики ӯро ба ҷиноятҳои гуногун аз ҷумла дурӯг гуфтан ба маъмурони Хадамоти таҳқиқоти федеролии Амрико мутаҳҳам карданд. Аз ҷумла Майкл Флинн, мушовири нахустини амнияти миллӣ дар Кохи Сафедро.
Айни замон маҳбубияти Доналд Трамп дар байни мардуми Амрико назар ба ҳар раиси ҷумҳури дигар пасттар аст.