Се нон, ду "ҳот-дог"... Пули нафақа дар Тоҷикистон ба чӣ мерасад? ВИДЕО

Акси бознишастаҳо аз як хонаи пиронсолон дар Душанбе

"Зуд бизӣ ва ҷавон бимир" – ин шиори ғайрирасмии замони фарҳанги рок-н-ролл ва оҳангҳои панкро насли феълии Тоҷикистон метавонад шиори зиндагии худ бикунад. Ҳарчанд бисёр ғамангез аст, ҷойи ифтихор ҳам намондааст. Зеро маблағи нафақа дар Тоҷикистон арзиши як ғизои нисфирӯзиро дорад.

Масоили нафақа ҳамчунон печида аст. Танзими онро дар Тоҷикистон шаш қонун анҷом медиҳад.

Нафақаи миёна дар соли 2017 тақрибан баробари 6 сомонӣ дар як рӯз шуд. Бо ин маблағ метавонед дар як рӯз се дона нон ё ду дона “ҳот-дог” бихаред. Чунин низомро одилона номидан хеле душвор аст. Зеро, корфармоён ба хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ маблағи бештаре медиҳанд. Аммо дар ниҳоят нафақахӯрон пули бамаротиб кам мегиранд. Ҳисоби оддии риёзӣ нишон медиҳад, ки инҳисори давлат ба захираҳои нафақахӯрон танҳо ба фоидаи аввалӣ асту бас.

Назари сокинони Душанбе ба пули нафақа:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нафақа бояд чӣ қадар бошад?

Кадом нафақапулиро бояд интизор шуд?

Масоили нафақа дар Тоҷикистон ҳамчунон печида аст. Танзими онро шаш қонун анҷом медиҳад. Қонуни "суғуртаи ҳатмии нафақа" соли 1993 ба тасвиб расидааст. Дар он таъкид мешавад, ки ҷудо кардани нафақапулӣ дар кишвар ҳатмист. Вазифаи ҷамъоварии пули нафақа ва тақсими он ба ӯҳдаи ҳукумат вогузор шудааст. Корфармоён ба суғурта ё бимаи кормандони худ ва ғанӣ кардани захираҳои давлатӣ вазифадоранд.

Қонун "Дар бораи нафақаи давлатӣ ва суғуртавӣ" тавзеҳоти бештаре медиҳад. Аз ҷумла, ин нукта, ки дар солҳои ахир дар ҷумҳурӣ ду намуди нафақапулӣ вуҷуд дорад – нафақапулии суғуртавӣ (собиқ “меҳнатӣ”) ва иҷтимоӣ. Нафақапулии суғуртавӣ ин усули бисёр душвори ҳисоби маблағи нафақапулӣ бо дарназардошти ҷамъи фоизи собиқаи корӣ ва ғайраву ғайра аст. Шеваи дақиқи ҳисоби ин навъи нафақаро пайдо карда натавонистем. На дар ҳуҷҷатҳо ва на аз шарҳи намояндаҳои Оҷонсии нафақа. Бештаре аз нафақагирон маҷбуранд бо он маблағе розӣ шаванд, ки мутахассисони ин оҷонсӣ барои пардохт пешниҳод мекунанд. Зеро санҷидани дурустии ин маблағ кори осон ҳам нест.

Ба нафақаи суғуртавӣ ҳамчунин пардохтҳо барои шахсони маъюб ва ноболиғоне шомил мешаванд, ки сарпарасти худро аз даст додаанд. Ба шарти онки ин таъминкунанда собиқаи зарурии корӣ дошта бошад.

Нафақапулии иҷтимоӣ. Давлат ба ҳамаи нафароне, ки ҳаққи гирифтани нафақаи суғуртавиро надоранд, ин навъи нафақаро кафолат додааст. Танҳо ба шарте, ки ин шахс ба синни нафақа расидааст ё маъюб шуда ё кӯдаконе, ки волидони худро аз даст доданд.

Назокат Одиназода

Ба ин тартиб, ҳатто бекору оворагард ё соҳибхоназан, ки дар ҳеҷ ҷой кор накардаанду андоз насупоридаанд, ба гирифтани нафақапулии давлатӣ ҳақ доранд. Вале ин навъи нафақапулӣ танҳо 60 дарсади маблағи пасттарини нафақапулиро ташкил медиҳад, ки баробари ҳамон ду дона “ҳот-дог” дар як рӯз мебошад.

Нафақапулии меҳнатӣ акнун суғуртавӣ шудааст

Муовини аввали мудири Оҷонсии суғуртаи иҷтимоии назди ҳукумати Тоҷикистон Назокат Одиназода дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Asia-Plus” изҳор доштааст, ки қисми суғуртавии нафақапулӣ аз роҳи ҷамъи фоизи собиқаи корӣ ба маблағи шартии нафақапулии хазинавии муроҷиаткунанда ҳосил мешавад.

Ин маблағи ҳосилшуда ба моҳҳои пешбинишудаи пардохти нафақапулӣ тақсим карда мешавад. Тибқи қонунгузорӣ, ин маблағ бояд ба 180 моҳ бирасад. Фоизи собиқаи корӣ аз тариқи тақсими собиқаи умумии корӣ ба нишондоди намунавӣ ҳосил мешавад. Барои мардҳо ин нишондод 300 моҳ ва барои занҳо 240 моҳ муқаррар шудааст.

Ин ба он маънист, ки қонунгузор тасмим гирифт, инсон дар Тоҷикистон бояд дар нафақа ба ҳисбои миёна на камтар аз 15 сол зиндагӣ дошта бошад.

Барои мисол, агар шахс ҳамагӣ бист сол собиқаи корӣ дошта бошаду тӯли ин солҳо аз барояш пардохтҳои иҷтимоӣ анҷом дода шудааст, фоизаш 0,8 (240 моҳ/300 моҳ) мешавад ва ӯ метавонад 20 дарсади камтари маблағи нафақапулиеро бигирад. Зимнан, 20 сол собиқаи кории камтарин аст, ки бар асоси он мард метавонад ба нафақапулии меҳнатӣ ҳақ дошта бошад (аз синни 63 сола ва болотар). Занҳо бояд ҳадди ақал 15 сол собиқаи корӣ дошта бошанд ва синнашон беш аз 57 сол бошад. Агар онҳо аз ин нишондод собиқаи камтари корӣ дошта бошанд, метавонанд танҳо ба нафақапулии иҷтимоӣ умед банданд.

Давлат қисми бештари маблағро аз худ мекунад?

Дар қонунгузорӣ мафҳуме ба унвони “замони расидан” вуҷуд дорад. Қаблан ин мафҳум 120 моҳро дар назар дошт ва аз 1-уми январи соли 2017 ин нишондод то ба 180 моҳ афзоиш дода шуд. Ин ба он маънист, ки қонунгузор тасмим гирифт, инсон дар Тоҷикистон бояд дар нафақа ба ҳисбои миёна на камтар аз 15 сол зиндагӣ дошта бошад.

Аммо саволи матраҳ ин аст, ки зинда мондани шаҳрвандони кишвар то синну соли нафақагирӣ то куҷо воқеист? Агар низоми нафақапулӣ инҳисороти давлатӣ набошад, сокинон чӣ маблағе метавонистанд ба даст оваранд?

Тибқи омори ҳукуматӣ, умри миёнаи инсон дар Тоҷикистон тақрибан 76 сол аст, аммо арзёбиҳои байналмилалӣ ин нишондодро 73-74 сол медонанд. Ба ин тартиб, танҳо тибқи ин нишондод мардҳо дар Тоҷикистон наметавонанд маблағи пешбинишудаи ҳукуматиро комилан истифода кунад, зеро ба ҳисоби миёна 3-5 сол пештар аз синни муқарраркардаи қонунгузорон ин дунёро тарк мекунанд. Занҳо ба далели умри бештар диданашон метавонанд нафақапулии пешбинишудаашонро 15 сол бигиранд ва сипас, бо эҳтимоли зиёд, низ мефавтанд.

Акнун бо роҳи соддаи ҳисобҳои риёзӣ талош мекунем маблағеро ҳосил кунем, ки нафақагир метавонист дар солҳои бознишастагӣ дар сурати худаш пасандоз кардан ба даст оварад. Агар инсон дар фонди хусусии нафақапулӣ бима шуда бошад ва ҳар моҳ худаш ба суратҳисоби шахсиаш маблағи нафақапулӣ пардохт кунад, на мисли корфармо, ки феълан ин корро анҷом медиҳад.

Дар тӯли ҳамаи солҳои фаъолияти кориаш корфармоҳо дар Тоҷикистон 25 дарсади маоши ӯро ба Фонди ҳифзи иҷтимоӣ пардохт мекунанд. Ба ҷуз аз ин, ба ин Фонд боз 1 дарсади маоши гирифтаи корманд интиқол дода мешавад.

Давлат ба ин назар аст, ки 25 дарсади маоши корманд моли вай аст ва онро тибқи назардошташ сарф мекунад. Мақомот даъво доранд, ки ин пардохтҳоро корманд не, балки корфармо анҷом медиҳад. Аммо дар асл ин маблағи воқеии ба корманд пардохтнашуда аз сӯи корфармо мебошад.

Далели ин гуфтаҳо ин нукта аст, ки корфармоён дар Тоҷикистон чандон ба гузариш ба низоми кортҳои бонкӣ алоқаманд нестанд ва ҷонибдори камтар нишон додани маоши расмӣ мебошанд. Ҳамзамон ба кормандон ба тариқи нақдӣ маблағҳои бештареро пардохт мекунанд.

Агар корфармо аз пардохтҳои маҷбурии иҷтимоӣ ба будҷаи давлатӣ озод бошад, вай ин маблағро барои ҳавасмандкунии молии кормандаш сарф мекард. Дар ин сурат, корманд худ метавонад пардохтҳои иҷтимоии нафақапулиро анҷом диҳад. Он вақт кормандон худ талош мекарданд, ки маоши онҳо қонунӣ бошад ва ба гирифтани маблағҳои “ғайриқонунӣ” ниёз боқӣ намемонад.

Мисоли оддӣ. Тасаввур кунед, сокини 23-солаи миёнаҳоли пойтахти кишвар бо исми Хушбахт барои кор ба як муассисаи обрӯманд пазируфта шуд. Маоши миёнаи вай 2000 сомонӣ дар як моҳ аст ва ба ҳисоби доллар ин маошаш тӯли 40 соли оянда боқӣ мемонад. Ҳар моҳ корфармояш ба Фонди ҳифзи иҷтимоӣ барои ин кормандаш 500 сомонӣ пардохт мекунад. Ҳар моҳ ин Фонд аз маоши Хушбахт 20 сомонии дигарро ба худ мегирад.

Бо гузашти 40 сол маблағи умумии суғуртавии Хушбахт тақрибан 250 ҳазор сомонӣ мешавад (240 ҳазор сомониро корфармо ва 9,6 ҳазор сомониро худ корманд пардохт мекунанд).

Гузориши видеоӣ аз бойгонӣ: ​35 соли омӯзгорӣ = 330 сомонӣ нафақа?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

35 соли омӯзгорӣ = 330 сомонӣ нафақа?

Агар ӯ ҳаққи мустақилонаи интихоби фонд ё сандуқи нафақапулиро медошт, шояд вай фонди хусусӣ ё пасандоз дар бонки хориҷиро интихоб мекард. Дар ин сурат вай метавонист дар тӯли 10 сол ҳар моҳ 2000 сомонӣ нафақапулӣ бигирад. Тибқи омор, мардҳо дар Тоҷикистон баъд аз ба нафақа баромадан маъмулан танҳо то 10 сол умр мебинанд.

Аммо, агар тасаввур кунем, ки Хушбахт умри бештаре мебинад ва дар ин муддат бояд ғизо дошта бошад, ҳатто то 83-солагӣ вай аз ҳисоби пасандозҳояш метавонад ҳар моҳ 1000-1200 сомонӣ дошта бошад. Бояд иқрор шавем, ки маблағи 150-долларӣ дар як моҳ барои нафақӯр то ҷое арзанда аст.

Соҳибкор ба ҷойи кормандони будҷавӣ пардохт мекунад

Суоли матраҳ ин аст, ки маблағҳои бузурги пардохтҳои иҷтимоии ширкатҳои хусусӣ ва муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ куҷо мераванд? Бояд иқрор шавем, ки ин маблағҳо барои пардохти нафақапулӣ ва идрорпулиҳои шахсоне меравад, ки дар бахши будҷавӣ кор кардаанд. Инҳо муаллимону духтурон, ходимони фарҳанг, варзишгарон, кӯчарӯбон ва ғайраву ғайра мебошанд. Муҳим, дар миёни онҳо артиши бузурги ходимони давлатӣ ҳаст – аз кормандони раёсати ҷумҳурӣ сар карда, то ҳукуматҳои вилоятиву ноҳиявӣ, вазоратҳо, Бонки миллӣ ва судяҳову додситонҳо ва албатта вакилони халқ дар маҷлисҳо.

660 ҳазор нафақахӯри тоҷик бо 270 сомонӣ нафақапулӣ дар як моҳ ҳамчунон камбағалтарин нафақахӯр дар миёни кишварҳои ИДМ боқӣ мемонад.

Ҳамаи онҳо ҳам пир мешаванд ва бояд ба нафақа бароянд, аммо онҳо ҳама гирифтори як мушкиланд. Корфармои онҳо, яъне давлат аз пардохти 25 дарсади фоида ба Фонди иҷтимоӣ озод аст.

Давлат ба унвони корфармои бузурги кишвар худро аз масъулияти таъмини харҷҳои иҷтимоӣ озод карда, ин вазифаро бар дӯши фонди умумии иҷтимоӣ вогузор кард. Ба ин тартиб, маҳз соҳибкорон ҳам худ ва ҳам кормандони давлатиро дар пириашон таъмини молӣ мекунанд. Ҳоло давлат бидуни мушкилие маоши кормандони будҷавиро афзоиш медиҳад, зеро ин амр вобастагие ба масъулиятҳои дигар дар назди кормандонро ба дунбол надорад.

Роҳи дувуми воқеӣ дар ин самт худдории ҳукумат аз инҳисор дар ҷамъоварии нафақапулӣ дар бахши хусусӣ аст, то аз истифодаи пардохтҳои ғайрирасмӣ пешгирӣ шавад. Барои ҷилавгирӣ аз афзоиши фишор ба будҷаи давлатӣ ва болоравии таваррум, чунин ислоҳотро марҳила ба марҳила метавон дар тӯли 10-12 сол анҷом дод. Ин амр мутобиқ ба ҳадафҳои Барномаи рушди кишвар то соли 2030 аст, ки дар ҳуҷҷатҳои Созмони Милал дар бораи Рушди ҳазорсола зикр шуда, ҳукумати Тоҷикистон онро эътироф мекунад.

Аммо бояд иқрор шавем, ки “чунин вазъият” мақомотро қонеъ месозад ва 660 ҳазор нафақахӯри тоҷик бо 270 сомонӣ нафақапулӣ дар як моҳ ҳамчунон камбағалтарин нафақахӯр дар миёни кишварҳои ИДМ боқӣ мемонад.