Аз толори кӯчак то мусобиқоти ҷаҳонӣ. Темур орзу дорад қаҳрамон шавад. ВИДЕО, САДО

Темур Раҳимов.

Темур Раҳимов, паҳлавони ҷавони тоҷик, аз як толори кӯчак ба арсаи ҷаҳон роҳ ёфта, дар риштаи ҷудо натиҷаҳои баланд ба даст овардааст. Вай мегӯяд, барояш, бахусус, соли 2017 соли аз ҳама бобарор будааст. Ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор шуд, дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило соҳиби медали биринҷӣ гардидааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз толори кӯчак то мусобиқоти ҷаҳонӣ. Темур орзу дорад қаҳрамон шавад

Темур Раҳимов айни ҳол дар феҳрасти ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон дар вазни зери 100 кило дар байни 180 нафар мақоми севумро касб кардааст.

Темур Раҳимов: Соли 2017 ман дар се мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, се медал ба даст овардам. Мусобиқаи аз ҳама муҳим бароям қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон буд. Рақибонам паҳлавонони пурқувват буданд. Ман аз панҷ қувваозмоӣ дар чортоаш пирӯз шудам. Пас аз се пирӯзӣ бар рақибонам аз Полша, Венгрия ва Ҷопон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтам. Вале дар нимфинал аз Зелим Котсоеви озарӣ мағлуб гаштам. Баъдан дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ бар Даниел Зорн аз Олмон пирӯз шудам.

Темур Раҳимов, ки 8-уми июли соли 1997 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст, пас аз хатми мактаби миёнаи шумораи 1-и ҳамин ноҳия соли 2014 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шудааст. Ҳоло донишҷӯи соли чаҳоруми факултаи сайёҳии кӯҳӣ мебошад. Темур мегӯяд, меҳри гуштигирӣ дар дилаш ҳанӯз айёми кӯдакӣ маъво гирифта буд.

Темур Раҳимов: Падарам Бахтиёр Раҳимов, бобоям Рустам Абдураҳмонов, тағоям Сӯҳроб Абдураҳмонов гуштингир буданд. Ман ва додарам Улуғбек пайравони онҳоем. Бинобар ин моро сулолаи паҳлавонон ном мебаранд. Маро падару тағоям ҳашт сол пеш ба толори гуштин ба назди устод Мустақим Аминов оварданд. Ман то имрӯз таҳти раҳбарии ӯ машқ менамоям. Ба ҷуз гуштин ман ба футбол завқ дорам ва ҳамроҳи дӯстону ҳамсинфонам футболбозӣ ҳам мекунем.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо Темур Раҳимов


Ба гуфтаи Мустақим Аминов, устоди Темур, шогирдаш бисёр хислатҳои наҷиб дорад.

Мустақим Аминов: Темур паҳлавони худодод, қадбаланд, пурқувват ва боодобу меҳнатдӯст аст. Вай бо тарафи чап гуштин мегирад, ки ин ба рақибонаш мушкилӣ меорад. Ӯ аз соли 2010 дар назди ман тамрин мекунад ва аз соли 2011 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат меварзад. Аввал байни наврасони хурдсол дар мусобиқаҳое, ки дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Русия баргузор мешуданд, иштирок мекард. Баъдан бо наврасону ҷавонон дар кишварҳои мухталиф қувваозмоӣ менамуд. Аввалин натиҷаи баландро ӯ соли 2013 дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба даст оварда, ғолиби Бозиҳои АвруОсиё миёни наврасон гардид. Солҳои 2014 -2016 бошад, ӯ дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардид, аз он ҷумла ғолиби Ҷоми Аврупо ва барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё шуд. Порсол бошад, дар се мусобиқаи байналмилалӣ миёни ҷавонони синашон то 21-сола рақобат кард ва муваффақ гашт.

Ба гуфтаи мураббиаш Темур Раҳимов имсол дар чандин мусобиқоти байналмилалӣ ширкат хоҳад кард. Бинобар ин, ӯ ҳоло ҳамроҳи устодаш пайваста тамрин мекунад ва ба мавсими нав ҳамаҷониба омодагӣ мебинад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо Мустақим Аминов

Мустақим Аминов: Имсол ба мусобиқаҳои бузургсолон омода мешавем. Аллакай барои ширкат дар се мусобиқаи байналмилалӣ дархост додем. Нахуст рӯзҳои 16-17-уми феврал дар шаҳри Оберварди Австрия дар мусобиқаи бози Аврупо иштирок мекунем. Баъди он дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”, ки рӯзҳои 23-24-уми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон барпо мегардад, ширкат меварзем. Сипас 6-7-уми апрел дар Гран-прии ҷудо дар Анталияи Туркия иштирок хоҳем кард.

Мураббии шоистаи Тоҷикистон Мустақим Аминов талош дорад, ки дар оянда шогирдаш дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ миёни бузургсолон низ медал ба даст биёрад ва соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио шавад.

Мураббии шоистаи Тоҷикистон Мустақим Аминов.

Мустақим Аминов: Барои ба Олимпиада роҳхат гирифтан маблағи зиёд зарур аст. То Бозиҳои олимпӣ мо ҳар сол бояд камаш 25 ҳазор доллар сарф кунем. Зеро ки мо бояд дар тамринҳои дастаҷамъӣ, мусобиқоти байналмилалӣ барои гирифтани холҳои олимпӣ иштирок намоем. Агар дар ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ ширкат наварзем, дар мусобиқоти байналмилалӣ ғалаба карда наметавонем. Вале мо сарпараст надорем. Ба мусобиқаҳо бо кӯмаки молии падари Темур ва бародари ман сафарбар мешавем. Зимнан, мо пештар дар толорҳои мактабҳои миёнаи ноҳия тамрин мекардем. Вале баъдтар ба мо иҷоза надоданд, ки машқҳоямонро дар он толорҳо гузаронем. Аз ин рӯ, маҷбур шудем, ки дар назди ҳавлии худ толори гуштин бисозем. Ин толори кӯчак, ки масоҳати он 10X10 метр аст, бо кӯмаки бародарам сохта шудааст ва ман ҳашт сол аст, ки дар ин ҷо ба шогирдонам машқ медиҳам. Ҳарчанд шароит ба дараҷаи олӣ нест, вале чунон ки бузургон фармудаанд “Ганҷина дар харобист”, мо ин ҳикматро сармашқи кори худ қарор додаем ва дар ин ҷо пайваста тамрин мекунем. Маҳз дар ҳамин толор аз байни шогирдонам қаҳрамонҳои Тоҷикистону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ба воя расидаанд, ки Темур намунаи барҷастаи онҳост.

Бо вуҷуди он ки Темур Раҳимов барои медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон ва медали нуқраи қаҳрамонии Осиё бо ду ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи умумии 37,5 ҳазор сомонӣ мушарраф гардида, инчунин ба қатори даҳ варзишгари беҳтарини кишвар дар соли 2017 дохил шудааст, вале номи ӯ дар рӯйхати гирандагони стипендияи олимпӣ нест.

Мустақим Аминов: Дар рӯйхати гирандагони стипендияи олимпӣ дар риштаи ҷудо ба ҷуз Комроншоҳи Устопириён, варзишгарони дигар натиҷаҳои баланд ба даст наовардаанд. Вале Темур, ки соли гузашта дар се мусобиқаи бузурги сатҳи ҷаҳониву қитъавӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд, мутаассифона, ба ин рӯйхат дохил нашудааст.

Темур Раҳимов, ки дар тӯли панҷ соли ахир дар чандин мусобиқоти байналмилалӣ миёни наврасону ҷавонон парчами Тоҷикистонро барафрохтааст, ҳадафҳои бузург дорад.

Темур Раҳимов: Мақсади ман ҳарчи бештар дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат карда, холҳои олимпӣ ба даст овардан аст. Мехоҳам, ки ба Олимпиадаи Токио роҳхат бигирам. Орзу дорам, ки ба мисли паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев соҳиби медалҳои қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ шавам.

Темур Раҳимов дар ҳамин ҳол дар феҳрасти ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон дар вазни зери 100 кило дар байни 180 нафар мақоми севумро касб кардааст.