Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милал дар як нишасте дар шаҳри Ню Йорк, Тоҷикистонро ситоиш кардааст, ки тавонист дар муддати 15 сол фақру камбизоатӣ дар байни мардумро ба таври чашмгир кам кунад.
Дар як нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар охири ҳафтаи гузашта Антонио Гутерреш гуфтааст, дар як даҳсолаи ахир кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати иқтисоди пешрафти зиёд доштанд ва Тоҷикистонро мисол овардааст.
“Масалан дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ, ки соли 2013 81 дар садро ташкил медод, ду баробар кам шуда ва дар соли 2015 ба 31 дар сад расидааст” - гуфтааст, ӯ.
Масалан дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ, ки соли 2013 81 дар садро ташкил медод, ду баробар кам шуда ва дар соли 2015 ба 31 дар сад расидааст.
Тибқи арзёбии охирини Оҷонсии омор, 30,3 дарсади аҳолии 8,5-миллионнафарии Тоҷикистон камбизоат эътироф шудаанд. Дар Тоҷикистон оилае камбизоат эътироф мешавад, ки беш аз 75 дарсади даромадашро барои хариди озуқаворӣ сарф мекунад.
Бинобар арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ, дар Тоҷикистон, 13 дарсади аҳолӣ дар ҳолати “фақри шадид” ба сар мебаранд ва шумораи фақирон аз соли 2009 ба ин сӯ коҳиш намеёбад. Бахши аъзами афроди фақир дар Тоҷикистон, аниқтараш 81 дарсади онҳо дар деҳот ба сар мебурдаанд.
Ду минтақаи нисбатан дорои Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд номбар шудаанд, ки ҳамагӣ 20-22 дарсади сокинони он фақир будаанд. Аммо мизони аз ҳама баланди фақр дар вилояти Бадахшон мушоҳида шудааст ва 39 дарсади аҳолии он дар ҳоли фақр ба сар мебурдаанд.
Дар мубоҳисаи барқарор кардани ҳамкориҳо байни Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки рӯзи 19-уми январ дар шаҳри Ню Йорк сурат гирифт, Антонио Гутерреш, ҳамчунин гуфт, “тамоми ҷомеаи байналмилалӣ барои барқарории сулҳ дар ва тараққиёт дар Афғонистон саҳм мегузорад, вале нақши Осиёи Марказӣ дар ин замина аҳамияти хос дорад.”
Айни замон ӯ гуфтааст, ки кишварҳои минтақа бояд дар мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ба Афғонистон кӯмак кунанд, зеро пешрафт бе сулҳу субот ба даст намеояд. Дар ин мубоҳиса дар Шӯрои Амният Сироҷиддин Аслов вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ суханронӣ дошт ва дигарбора аз зуҳури гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ дар шимоли Афғонистон ва дар наздикии марз бо Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ гуфт, ки авзоъ дар шимоли Афғонистон ҳамчунон бадтар мешавад ва ин мояи нигаронии Тоҷикистон аст. Вай афзуд, бо назардошти марзи тӯлонӣ Тоҷикистон наметавонад нисбат ба авзоъ дар кишвари ҳамсоя бетафовут бошад.
“Фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ ба мисли ДОИШ, Толибон, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ансоруллоҳ дар ноҳияҳои шимолии Афғонистон ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир мояи нигаронии амиқи мо аст” – гуфт, вазири умури хориҷии Тоҷикистон. Ӯ дар ин нишаст хост, талошҳо барои муқобила бо қочоқи маводи мухаддир, ки дар Тоҷикистон дар ҷабҳаи аввали мубориза бо он қарор дорад, бештар карда шавад.
Сироҷиддин Аслов ҳамчунин дар бораи кӯмакҳои Тоҷикистон барои рушди иқтисодӣ дар Афғонистон сӯҳбат кард ва гуфт, ки айни замон 500 донишҷӯи афғон дар кишвар таҳсил мекунанд. Ӯ афзуд, ҳукумат тасмим гирифтааст, то соли 2025 ба 1000 донишҷӯи дигари афғон ҳаққи таҳсили ройгон дар Тоҷикистонро бидиҳад.
Дар ин нишаст, муовини вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Салливан низ суханронӣ дошт ва гуфт, ки Амрико иҷоза намедиҳад, то Афғонистон дигарбора ба паноҳгоҳи террористон табдил ёбад.
Ӯ гуфт, “Ҳангоми эълони стратегияи худ барои кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ Доналд Трамп гуфт, ки Амрико ҳамчунон ҳимоят аз ҳукумати Афғонистонро идома медиҳад ва ба нерӯҳои он дар мубориза ба зидди Толибон ва Ал-Қоида ва дигар созмонҳои террористӣ кӯмак мекунад. Мо намегузорем, ки Афғонистон, чун замони пеш аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ба паноҳгоҳи террористон табдил ёбад.
Нишасти мазкур бо ташаббуси Қазоқистон баргузор шуд, ки ҳоло раҳбарии Шӯрои Амниятро бар дӯш дорад.