Чаҳор муҳоҷири тоҷик, ки баъди тақрибан як соли кор дар Русия ба ватан баргаштаанд, рӯзи 13-уми январ дар роҳи Хуҷанд-Душанбе ба садама гирифтор шудаанд.
Нарзулло, яке аз ин муҳоҷирон рӯзи 14-уми январ видеои садамаи нақлиётиро фиристод, ки нишон медиҳад, мошини сабукрави Опел аз роҳаш хориҷ шуда ва дар канори шоҳроҳ чаппа шудааст.
Нарзулло ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса соатҳои тақрибан 10 рух дод, вале ҳеҷ яке аз ҳамсафаронаш ба шумули ронанда осеб надиданд. Ба гуфтаи вай, ронандаи мошини Лексусе, ки аз самти муқобил меомад, зоҳиран дар роҳи каҷ натавонист, мошинро дуруст идора кунад ва ба самти мошини онҳо омад.
Ронандаи Опел барои эмин мондан аз бархӯрд мошинро ба канори роҳ ҳаракат дод, вале рӯи барф лағжида, чаппа шуд. Дар мошини муқобил ҳам касе осеб надидааст.
Ба гуфтаи Нарзулло, ронандаи мошини Опел, ки онҳоро ба Душанбе меовард, як таксии дигаре даъват кард, то онҳоро ба пойтахт расонад ва сипас кран омада, мошини чаппашударо аз канори роҳ бардошт. Муҳоҷирон аз Русия аввал ба Хуҷанд омадаанд ва сипас бо мошин ба шаҳри Душанбе расидаанд. Идораи бозрасии давлатии автомоболӣ ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодааст.
Видеои ҳодисаро инҷо бубинед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад