Чаро нархи маводи ғизоӣ боло рафт?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мушоҳидаи чанд бозори пойтахт нишон дод, ки нархи маҳсулоти хӯрока тағйир ёфтааст. Нархи маводи ғизоӣ барои як қишри бузурги ҷомеаи Тоҷикистон як мавзӯи ҳассос ба шумор меравад. Бинобар омори расмӣ, 30 дарсади аҳолии беш аз 8 миллиону 735 ҳазорнафараи Тоҷикистон камбизоат ба шумор мераванд.