Гулрухсор: Вафое, ки гум кардем, дар сагу харчанг меҷӯем
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гулрухсор Сафиева (Гулрухсори Сафӣ), шоири маъруфи тоҷик, дар остонаи соли нави 2018 ба афроди дорову сарватманди кишвар муроҷиат кард ва гуфт, “сандуқ-сандуқ пулҳои ҷамъкардаи худро ба дармондаҳо тақсим кунед”. Ӯ рӯзи 30-юми декабр дар як муроҷиати видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад, дар соли саг вафо ва муҳаббати одамон ба якдигар бештар гардад.