Назорат ба маросими хурсандӣ ва мотам дар Тоҷикистон шадидтар шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Агар феҳрасти калимаҳои серистифода миёни мардум ва матбуоти Тоҷикистон дар соли 2017 таҳия шавад, “танзим” дар ин раддабандӣ ба эҳтимоли зиёд мақоми аввалро касб хоҳад кард. Дар ин сол назорат дар ду бахши муҳими зиндагӣ – шодӣ ва мотами сокинон – шадидтар шуд.