Қурбонии таҷовуз сукутро шикаст. ВИДЕО

Гулзор 28 сол дорад. Ӯ дар даҳсолагӣ таҷовуз шудааст ва осеби равоние, ки дар кӯдакӣ бардошта буд, то имрӯз домангираш аст.

Зодрӯзам буд. Меҳмон даъват карданд. Хешу табор омаданд. Дилам хост, дар ҳамон ҷо бигӯям. Аммо агар мегуфтам, касе бовар намекард.

Гулзор мегӯяд, нафаре, ки ба вай дастдарозӣ кард, писари амакаш аст ва ӯ он замон 24 сол дошт. “Рӯзе волидон дар хона набуданд. Амакбачаам дар дохили ҳаммоми хона ба номусам таҷовуз кард. То омадани падару модар ларзаам гирифт. Табам баланд буд. Агар ҳамон вақт мемурдам, шод мешуд”, - афзуд ӯ.

Писари амак, ки зоҳиран масъули нигоҳубини ӯву ду додараш дар хона буд, ба волидони Гулзор гуфт, ӯ сармо хӯрдааст. Баъд аз ин, зиндагии духтари 10-сола чаппагардон шуд. Ӯ рӯзи 11-уми декабр гуфт, ки на он лаҳза ва на баъди он ҳеч гоҳ натавонист дар бораи ҳодисаи рухдода ба модар ё падараш қисса кунад. Метарсид, ки ҳеч гоҳ бовар намекунанд. Бо гузашти солҳо ҳам дарк мекард, ки исбот кардани ин ҳодиса имконнопазир мешавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қурбонии таҷовуз сукутро шикаст

“Баъди онки ба номусам таҷовуз кард, дар сари як дастархон менишасту ба чашмонам нигоҳ карда мепурсид: Баҳоят чанд аст? Дарс хонданӣ нестӣ? Даҳонамро кушода наметавонистам, хӯрда наметавонистам. Боз метарсидам, ки бо додарам чунин ҳодиса рух надиҳад”, - нақл кард ӯ.

"Агар мегуфтам, касе бовар намекард"

Гулзор мегӯяд, баъд аз ин ҳодиса эҳсос мекард, ки дигар зиндагии кӯдакона тамом шуд. Хеле тарсуву шармгин шуд, дар сӯҳбату муошират бо ҳамсинфон ҳам хеле баста буд. Мегӯяд, тамоми ин солҳо талош мекард бо волидон ба меҳмонии хешутабор наравад, то ки ӯро набинад: “15-сола шудам. Зодрӯзам буд. Меҳмон даъват карданд. Хешу табор омаданд. Дилам хост, дар ҳамон ҷо бигӯям, вале агар мегуфтам, касе ба ман бовар намекард. Одаме, ки панҷ вақт намоз мехонад, ҳама ба вай бовар мекунанд, на ба ман. Дар зодрӯзи 15-уми ман бо зану ду бачааш омад”.

Моҳи ноябри соли 2013 мақомоти пулис дар Тоҷикистон аз боздошти як педофили 28-сола хабар доданд

Гулзор мегӯяд, ҳатто баъд аз ҳодисаи таҷовуз ҳам озордиҳандааш ӯро танҳо нагузошт: гоҳе дар макони пинҳон аз чашми дигарон ба танаш даст мезад ё бӯса мекард. Вақте як дафъа ба модараш инро гуфт, ӯ бовар накард: “Аз падару модарам алам дорам. Вақте ба онҳо гуфтам, ки ба ман даст мерасонад, гуфтанд, “ту фиреб мекунӣ.”

"Мегӯянд, ки куҷое рафтааст ва ҳоло баҳона дорад"

Мегӯяд, аз ғаму дарди зиёд гоҳе сигор мекашид ва як дафъа волидон ҳам дар ин бора хабар ёфтанд. Вай мегӯяд, баъди ин волидон пайваста таъкид мекарданд, ки духтар бояд обрӯи волидон бошад, иффату номуси худро нигоҳ дорад. Гулзор мегӯяд, як дафъа дар ҳини чунин сӯҳбатҳои тарбиявӣ хост, дилашро кафонад, вале эҳсос кард, ки ба ҳарфи ӯ касе бовар намекунад. Дар як сӯҳбате ба чунин мазмун дар 18-солагиаш ёдаш ҳаст, ки мехост ба падар бигӯяд: “Не, ин хел намешавад. Чӣ хел ман баъди коре, ки бо ман рух дод, духтар бароям? Ҳеҷ кас боварат намекунад. Аллакай 18-солаӣ, ҳама мегӯянд: “Куҷое рафтааст, ҳозир баҳона дорад, ки таҷовуз кардаанд”.

Мегӯяд, чандин бор хост худкушӣ кунад ва як дафъа ба даст алмос гирифта, вориди ҳаммом шуд. Вале натавонист. Гулзор баъд аз хатми мактаб дар 18-солагӣ ба донишгоҳ дохил шуд, хонд. Дар замони таҳсил бо як созмони ҷамъиятӣ шинос шуд, ки ба қурбониёни таҷовуз кумак мекунад. Ӯ дар онҷо бо тахминин 20 духтару писари аз 18 то 32-сола шинос шуд, ки айни мушкили Гулзорро доштаанд.

Айни замон, Гулзор иқрор мешавад, ки ҳанӯз ҳам ин дардро аз вуҷудаш раҳо накардааст: “Ҳозир ҳам вақте нақл мекунам, чунин тасаввур мекунам, ки ҳамин ҳоло аз сар мегузаронам. Ман ин ҳамаро фаромӯш накардам, чунки он одам зинда аст, мегардад дар кӯчаҳои шаҳр, фарзанд дорад, зан дорад”.

Вақте мегӯянд, бояд издивоҷ кунам...

Гулзор мегӯяд, барояш мушкилтарин мавзӯъ – сӯҳбат дар бораи издивоҷ аст. Ӯ муҷаррад аст ва ҳар дафъае, ки дар хона сӯҳбат аз оиладорӣ меравад, мегӯяд, шӯй карданӣ нест. Аз оқибаташ метарсад, чунки ба касе исбот карда наметавонад, ки на бо хоҳиши худ бакораташро аз даст додааст.

Лена, як равоншиноси тоҷик, ки нахост насабаш нашр шавад, гуфт, дар Душанбе бо қурбониёни таҷовуз дар кӯдакӣ кор мекунад. Вай мегӯяд, аксари қурбониёни таҷовуз на аз худи ҳодисаи дар хурдсолӣ рухдода, балки аз осори равоние, ки ин ҳодиса дар вуҷуди онҳо мегузорад, тамоми умр азият мешаванд: “Дар таҷрибаи ман ҳолатҳое буд, ки занҳо гирифтори бемории равонӣ мешаванд. Ҳатто агар сарнавишти худро як бор нақл кунанд, осеби нави равонӣ мебинанд. Баъд аз сӯҳбат бо равоншинос ё як дӯсти наздик ҳолашон хубтар мешавад, вале онҳо ҳамеша ба гурӯҳи хатар, яъне афроде, ки метавонанд даст ба худкушӣ зананд, шомил ҳастанд”.

Лена мегӯяд, азоби баъди таҷовузи ҷинсӣ як мушкил аст, вале мушкили дигар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон аст, ки шарту шурути худро дорад ва волидон ҳам бо фарзандон самимӣ нестанд. Шахси осебдида осеби аз ин сахттари равониро аз таънаву маломати наздиконаш мебинад, ки ба ҷои дастгириву ҳимоят ва ғамхорӣ, худи ин шахсро гунаҳкор мекунанд, ки шарафи худро ҳимоят карда натавонист.

Сабти даҳ ҳолати таҷовуз ба номус

Аз соли 2014 то 2017 дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 10 ҳолати таҷовуз ба номуси кӯдакон аз ҷониби падар ё хешовандони дигар сабт шудааст. Равоншинос мегӯяд, волидон бояд ба ҳаракат, вақтгузаронӣ ва сӯҳбатҳои фарзандонашон ботаваҷҷӯҳ муносибат кунанд ва дар сурати дарёфти маълумоти ташвишовар аз паяш бошанд. Вагарна дар ҳолати нодида гирифтани фикру андешаву ташвишҳои фарзанд, тамоми умри вай зери таъсири фоҷиае мисли таҷовуз шикаста мешавад.

Мисли Гулзор, ки мегӯяд, дар маҷрое барои худ номуайян шино дорад ва намедонад, ки соҳили он куҷост ва ба куҷо мебарад.