Гӯшти мурғ: аз Бразилия то Тоҷикистон дар чанд моҳ?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 20 ҳазор тонна гӯшти мурғ ворид шудааст, ҳарчанд ҳамасола ин рақам наздики 64 ҳазор тонна будааст. Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 ноябр президент Эмомалӣ Раҳмон раҳбари панҷ ниҳоди муваззаф ба воридоти маҳсулоти гӯштӣ ба Тоҷикистонро барои маҳсулоти пастсифати ғизоӣ муҷозот кард.