Беҳтарин тарҳҳои тиҷоратӣ дар Душанбе муайян шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масрур Ақдодов аз шаҳри Хоруғ акнун имкон пайдо кард, ки тарҳи тиҷоратиашро амалӣ кунад. Лоиҳаи ӯ дар озмуни беҳтарин “бизнес-план” дар шаҳри Душанбе рӯзи 29-уми ноябр мақоми аввалро гирифт. Масрур мехоҳад, мармари сунъӣ истеҳсол кунад. Ба мисли Масрур боз 14 нафари дигар аз тамоми манотиқи Тоҷикистон дар ҷамъбасти барномаи “Стартап челенҷ” дар гӯшаи амрикоии шаҳри Душанбе нақшаҳои тиҷоратии худро муаррифӣ карданд.