Додгоҳ гуфт, қатли босниҳои мусулмон наслкушӣ буд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ барои Югославияи собиқ дар шаҳри Гаага, дубора таъкид кард, ки қатли мардону писарони мусулмон дар соли 1995 дар Сребренитса наслкушӣ будааст. Алфонс Орие, додраси додгоҳ пеш аз эълони ҳукми Ратко Младич, фармондеҳи артиши сербҳо дар замони ҷанг дар ин бора сухан гуфт.