Чойхонаи "Роҳат" дигар нахоҳад буд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Деворҳои нақшину кандакоришуда, гулдухтарони атласпӯш, оҳанги наю дутор ва ғизоҳои болаззати миллӣ чойхонаи "Роҳат”-ро давоми даҳсолаҳо ба симои фарҳангии Тоҷикистон табдил додааст. Ҳамарӯза тақрибан 600 нафар, аз ҷумла даҳҳо меҳмони хориҷӣ, ба тарафи чойхонаи “Роҳат” мешитобанд.