Назари сокинон ба муҷозоти мардони "сабукпо"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пешниҳоди Додситонии кулли Тоҷикистон барои муҷозоти мардони ба истилоҳ “сабукпо” дар кишвар баҳси гармеро миёни тарафдорону мухолифони ин мавзуъ ба по кард. Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод кард, барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мекунанд, ҷазо таъйин шавад. Ин пешниҳод дар шакли тарҳи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон навишта шуда, қарор аст, дар аввали соли 2018 ба порлумон ирсол гардад.