Ҳамсари як узви гурӯҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" мегӯяд, ки аз хобгоҳ берунаш карданд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ду моҳ аст, ки бисоти хонаи Дилбар Гургова дар роҳрави яке аз баландошёнаҳо дар ҷануби Душанбе паҳну парешон мондааст. Дилбар Гургова, ҳамсари Амруллоҳ Нуров, яке аз аъзои гурӯҳи маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" аст. Шавҳари ӯ ду сол пеш ба ҷурми ҳамдастӣ дар ин ошӯб ба 23 сол зиндон маҳкум шуд.