Медали тиллои Беҳрӯз. Такрори қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимов баъди 42 сол

Беҳрӯз Хоҷазода

Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавони тоҷик, рӯзи 11-уми ноябр дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон шаҳри Сочии Русия дар вазни зери 74 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тило сарфароз шуд.

Бояд гуфт, пас аз 42 соли пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар вазни зери 100 кило дар Мински Беларус ба Беҳрӯзи Хоҷазода муяссар шуд, ки медали тилоро ба даст орад.

Беҳрӯз рӯзи шанбе бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуд ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ ё ҳалкунанда бар паҳлавони Беларус Степан Попов (Stsiapan Papou) пирӯз омад ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ шуд.

Дар ин бора довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё ва дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 11-уми ноябр ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, “мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Қасри яхини "Айсберг"-и шаҳри Сочии Русия то рӯзи якшанбеи 12-уми ноябр идома меёбад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбои варзишӣ Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Хушқадам Хусравов (68 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) дохиланд. Инчунин, дар риштаи самбои размӣ Тоҷикистонро се варзишгар -- Сорбон Латифов (62 кг), Табрезшоҳ Парпишоев (74 кг) ва Бахтовар Замиров (82 кг) - намояндагӣ мекунанд.”

Ба иттилои Маҳмуд Абдуллоев, дар рӯзи дувуми мусобиқот – 11-уми ноябр – чаҳор паҳлавони тоҷик рақобат карданд. Ба ҷуз Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмалиддин Каримов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 57 кило мақоми дувумро гирифт ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари русиягӣ Саян Хертек мағлуб шуд.


Инчунин имрӯз ду нафари дигар дар риштаи самбои размӣ қувваозмоӣ карданд. Сорбон Латифов дар вазни зери 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардид. Вале Бахтовар Замиров дар вазни зери 82 кило бе медал монд.


Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқот – 10-уми ноябр – чаҳор паҳлавони тоҷик рақобат карда буданд. Дар сабқати самбои варзишӣ Хушқадам Хусравов дар вазни зери 68 кило мақоми панҷум, Ҷомӣ Ҳасан дар вазни зери 52 кило ва Умед Ҳасанбеков дар вазни зери 90 кило ҷойҳои ҳафтумро касб намуданд. Вале дар сабқати самбои размӣ Табрезшоҳ Парпишоев дар вазни зери 74 кило лат хӯрд.


Рӯзи охирини мусобиқот - 12-уми ноябр - паҳлавонони тоҷик Нозимҷон Охиров (62 кг), Зафар Олимшоев (82 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) оид ба самбои варзишӣ вориди рақобат мешаванд.

Пеш аз оғози мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочи конгресси Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) баргузор шуд, ки дар он Василий Шестакови русиягӣ барои севумин бор президенти ин созмони байналмилалӣ интихоб гардид. Ба тарафдории ӯ, ки ягона номзад ба ин вазифа буд, вакилон якдилона раъй доданд. Василий Шестаков то соли 2021-ум ба Федератсияи байналмилалии самбо раҳбарӣ мекунад.

Ғолибону ҷоизадорони ду рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2017 дар Сочи (10-11 ноябр)

Мардон

52 кг

1. КИРАКОСЯН Tигран (Aрманистон)
2. ЧИМЕДДОРҶ Маралердан (Mуғулистон)
3. СОРОНОКОВ Валерийi (Русия)
3. КАНЖАНОВ Беимбет (Қазоқистон)

57 кг

1. ХЕРТЕК Саян (Русия)

2. КАРИМОВ Акмалиддин (Tоҷикистон)

3. МАНУКЯН Максим (Aрманистон)

3. MAMMAДОВ Фуад (Озарбойҷон)

68 кг

1. БАЛИКОВ Владимир (Русия)
2. СЗОКЕ Ласзло (Руминия)
3. КОКША Александр (Беларус)
3. ИВАНОВ Мартин (Булғористон)

74 кг

1. ХОҶАЗОДА Беҳрӯз (Tоҷикистон)

2. ПОПОВ Степан (Беларус)

3. ЛЕБЕДЕВ Иля (Русия)

3. НАХУТСРИШВИЛИ (Гурҷистон)

90 кг

1. РЯБОВ Сергей (Русия)
2. ЁҚУБОВ Неъмат (Узбакистон)
3. МОЛТ Ҳелге (Олмон)
3. ЗЕКЕНОВ Алибек (Қазоқистон)

100 кг

1. ЧЕРНОСКУЛОВ Алсим (Русия)

2. ЛОРИАШВИЛИ Давид (Гурҷистон)

3. ХАНҶИЯН Арсен (Aрманистон)

3. РЕСКО Викторс (Латвия)

Самбои размӣ

57 кг

1. ҒАМЗАЕВ Мухтор (Русия)
2. KУЧЕРЕНКО Андрей (Украина)
3. ОЛТИНБЕК Уулу Амонат (Қирғизистон)
3. ГАНТУМУР Баян дуурен (Mуғулистон)

62 кг

1. ТАЛДИЕВ Рустам (Русия)

2. АВТАНДИЛУУЛУ Оразбек (Қирғизистон)

3. ЛАТИФОВ Сорбон (Tоҷикистон)

3. АССАУУЛУ Амондик (Қазоқистон)

74 кг

1. РАИМКУ Бекназар (Қирғизистон)
2. ХОТХОХУ Байзет (Русия)
3. РУДНИЕВ Владислав (Украина)
3. ҚУДРАТОВ Истам (Узбакистон)

82 кг

1. КО Сео Ҳён (Kореяи Ҷанубӣ)

2. АЛЕКСЕЕВИЧ Евгений (Беларус)

3. ИКСАНГАЛИЕВ Темирлан (Қазоқистон)

3. РИНДОВСКИЙ Максим (Украина)

100 кг

1. НЕМКОВ Вадим (Русия)
2. АУКШТУОЛИС Теодорас (Латвия)
3. МАДӢ Райҳон (Қазоқистон)
3. ПОТИЕРИЯ Игор (Украина)

+100 кг

1. ГОЛТСОВ ДЕНИС (Русия)

2. ЛИ Сангсу (Kореяи Ҷанубӣ)

3. АБДИМАМАТ Улан (Қирғизистон)

3. ИСМОИЛОВ Ҳакимҷон (Узбакистон)