Русия 75 муҳоҷири тоҷикро ҷарима ва ихроҷ кард
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳи вилояти Астрахани Русия 75 муҳоҷири боздоштшудаи тоҷикро бо ҷурми нақзи қоидаи будубош дар ин кишвар ихроҷ кардааст. Сарвар Бахтӣ – сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав – рӯзи 10-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки роҳи ҳамаи онҳо ҳадди ақал барои се сол ба Русия баста шуд.