"Тоҷиктрансгаз": "Имкони бозпас додани қарзро надорем"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳи иқтисодии Душанбе қарор кард, ки корхонаи давлатии “Тоҷиктрансгаз” бояд ба вазорати молияи Тоҷикистон 10 миллион сомонӣ маблағи қарз ва наздики 6 миллион сомонӣ ҷаримаи қарзи дар соли 2011 гирифтаашонро, бозпас диҳад.