Темур Раҳимов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо (дзюдо) миёни навҷавонони синашон то 21-сола, ки рӯзҳои 18-21 октябр дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.
Сомон Маҳмадбеков рӯзи 19-уми октябр дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило медали биринҷӣ ба даст овард.
Темур рӯзи шанбеи 21-уми октябр дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш Доминик Мазовски (Лаҳистон), Петер Арвал (Маҷористон) ва Такая Ямагучи (Ҷопон) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар нимфинал аз Зелим Котсоев (Озарбойҷон)мағлуб гашт. Баъдан ӯ дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ бар Даниел Зорн (Олмон) пирӯзӣ ба даст овард ва дар натиҷа мақоми севумро касб кард.
Дар вани зери 100 кило Зелим Котсоеви озарбойҷонӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Арман Адамяни русиягӣ ғолиб омад, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни навҷавонон даст ёфт.
Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни навҷавонони солҳои таваллудашон 1997-99, ки дар шаҳри Загреби Хорватия барпо гардид, дар рақобатҳои инфиродӣ 584 варзишгар (343 мард ва 241 зан) аз 82 кишвар ширкат дошт.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ нафар гуштигирон шомил буданд, ки дар сабқати мардон ширкат варзиданд: Суҳроб Боқиев (вазни зери 60 кг), Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарду дар вазни зери 66 кг), Хайёмиддин Ҷабборов, Эраҷ Абдуллоев (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни зери 81 кг), Муртазо Аминов (вазни зери 90 кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни зери 100 кг).
Ёдовар мешавем, Сомон Маҳмадбеков рӯзи 19-уми октябр дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш Саини Сингҳ (Ҳиндустон) ва Исмоил Иброҳимов (Озарбойҷон), аз Даниел Каргнин (Бразилия) мағлуб гашт. Баъдан ӯ дар даври тасаллобахш Рока Касес Салвадори испаниягиро шикаст дод. Маҳмадбеков дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ бар Яъқуб Ҷаводов (Озарбойҷон) пирӯз шуд ва дар натиҷа мақоми севумро соҳиб гашт.
Вале гуштигирони дигари тоҷик, ки дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонон маҳрум шуданд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии рақобатҳои инфиродӣ миёни мардону занон дар ҳашт вазн дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 14 медал (8 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Озарбойҷон бо касби 5 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) дувум ва мунтахаби Русия бо касби 5 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) севум шуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 2 медали биринҷӣ дар байни 82 кишвар мақоми 17-умро соҳиб гашт. Инчунин дастаҳои мунтахаби Куба ва Словения, ки ҳар кадом 2-тоӣ медали биринҷӣ гирифтанд, мақоми 17-умро бо ҳам диданд.
Имрӯз, 22-юми октябр, дар шаҳри Загреби Хорватия дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонон рақобатҳои дастаӣ бо ширкати тимҳои мунтахаби 16 кишвар доир мешавад, вале мунтахаби Тоҷикистон иштирок намекунад.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонони синашон то 21-сола дар Загреби Хорватия:
-55 кг
1. ПАПИНАШВИЛИ Ҷаба (Гурҷистон)
2. ГУРБАНЛӢ Натиғ (Озарбойҷон)
3. ЛХАГВАҶАМТС Унуболд (Муғулистон)
3. НОРБОЕВ Баюрҷон (Қазоқистон)
-60 кг
1. СУГИМОТО Таиго (Ҷопон)
2. ҲУСЕЙНОВ Каромат (Озарбойҷон)
3. ЯГВАРАЛДОРҶ Амарболд (Муғулистон)
3. КОГА Генки (Ҷопон)
-66 кг
1. КАРГНИН Даниел (Бразилия)
2. АРТЁМ ШТУРБАНИН (Узбакистон)
3. МАҲМАДБЕКОВ Сомон (Тоҷикистон)
3. НИНИАШВИЛИ Баргати(Гурҷистон)
-73 кг
1. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)
2. КИЛОГЛУ Билол (Туркия)
3. ГРИГАЛАШВИЛИ Тато (Гурҷистон)
3. ҲАМЗА Дидор (Қазоқистон)
-81 кг
1. КАССЕ Маттиас (Белгия)
2. ТЕПКАЕВ Турпал (Русия)
3. ГРАМКОВ Тим (Олмон)
3. ПАРЛАТИ Кристиан (Италия)
-90 кг
1. ТАҶИМА Гоки (Ҷопон)
2. ФЛОРЕНТИНО Роберт (Ҷумҳурии Доминикан)
3. НАГАИ Коши (Ҷопон)
3. ТРИППЕЛ Эдуард (Олмон)
-100 кг
1. КОТСОЕВ Зелим (Озарбойҷон)
2. АДАМЯН Арман (Русия)
3. РАҲИМОВ Темур (Тоҷикистон)
3. ЯМАГУЧИ Такая (Ҷопон)
+100 кг
1. ТАСОЕВ Инал (Русия)
2. ҲЕГИЙ Стефан (Австрия)
3. КАГАВА Даиго (Ҷопон)
3. ЕНЕҶ Мариник (Словения)