Кӣ ва чаро бояд ба истеъфо равад? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пешниҳоди “ё ҳалли мусбати буҳрон, ё ба истеъфо рафтан”-и Ҷамшед Нурмуҳаммадзода – раиси Бонки Миллии Тоҷикистон – дар се рӯзи пеш дар ҷаласаи порлумон баҳси гармеро дар ин бора ба по кард. Бисёриҳо пеш аз ҳама аз ҷуръати бархе вакилони мардум истиқбол намуданд, ки чунин пешниҳоди, ба қавли онҳо, “нодир” дар Тоҷикистонро ба забон оварданд.

  • Аммо раиси Бонки Миллӣ ин пешниҳодро “расидан ба иззати нафс” номид ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон низ бо “ҳа”-е ин ҳарфҳои Нурмуҳаммадзодаро тасдиқ кард.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

Дар Тоҷикистон фарҳанги истеъфо маъмул нест. Бисёре аз мансабдорони тоҷик танҳо дар пайи ё ба нафақа рафтан, ё кори дигар гузаштан, ё иттиҳом ба фасоду қонуншиканиҳои дигар мақомҳои худро канор мегузоранд. Хабарнигори тоҷик Ҳакими Даврон мегӯяд, мансабдорон дар як ҷомеаи демократӣ ва боз хидматгори халқанд ва дар сурати дасткӯтаҳӣ дар ҳалли мушкили соҳа бояд худашон курсиро дар ихтиёри дигарон гузоранд.

Ӯ рӯзи 21-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "виҷдони мансабдор як омили ҳалкунанда дар масъалаи истеъфо бояд бошад. Масалан, вақте як мансабдор мебинад, ба ҷои онки хидмат бикунад, монеи пешрафт шудааст, бояд худ ба истеъфо равад."

Ҳакими Даврон

Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон, ҳам аз ин мавқеъ пуштибонӣ кард, аммо гуфт, ҳар талаби истеъфо бояд асос ё далели раднопазире дошта бошад. Искандаров мегӯяд, "агар талабҳо асоси воқеӣ надошта бошад, истеъфо додан аз рӯйи одоб нест."

Бархе дигар аз коршиносон мегӯянд, азбаски истеъфо ба маънои эътирофи камбуд дар ягон соҳа аст, мақомдорони тоҷик намехоҳанд бо ин тасмим ҳам вуҷуди мушкилро тасдиқ кунанд ва ҳам баъдан ба дарди саре гирифтор шаванд. Завқибек Саидаминӣ, аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, низ гуфт, мушкил сари ин аст, ки мақомдорони тоҷик истеъфоро охири кори худ медонанд. "Дар ҳоле ки мансабдор бояд бишинаду биандешад, ки барои миллату мардум чӣ кард, чӣ накард? Чаро мардум истеъфояшро мехоҳад? Намунаи равшане, ки бояд аз пеши худ ба истеъфо мерафт, корманди идораи дину танзим дар ноҳияи Рӯдакӣ Шокир Холдоров буд. Видеои дашноми ӯ дар саҳни як масҷид вокунишҳои зиёдеро ба бор овард ва нотавонии як соҳиби мақомро намоиш дод”, - афзуд Саидаминӣ.

Вазири нав корро аз истеъфои хешу табораш сар кард

Завқибек Саидаминӣ

Аммо ба фарқ аз Тоҷикистон ва бархе дигар аз кишварҳои минтақа дар кишварҳои ғарбӣ ва мамолики пешрафтаи осиёӣ аз иқрор кардани бесалоҳиятӣ, канор рафтан аз мақом ва вогузории саҳна ба афроди дигар ибо намекунанд. Зеро, ба бовари коршиносон, дар он кишварҳо истеъфо додан ва канор гузоштани симати давлатӣ ба як фарҳанг табдил шудааст.

Барои мисол, дар гузашта Борис Елтсин, нахустин раиси ҷумҳури Русия, қабл аз поёни даврони президентиаш довталабона аз ин мақом канор рафта, аз мардуми кишвараш узр хост, ки натавонист умеди онҳоро бароварда созад.

Коршиносони наздик ба ҳукумати Тоҷикистон агарчи истеъфоро ҳамчун ҷузъи фарҳанги сиёсӣ дар кишварҳои демократӣ қабул доранд, мегӯянд, ки "ба он сахт часпидан зарур нест". Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ гуфт, Тоҷикистон таҷрубаи талхи талаби истеъфоро аз сар гузарондааст, вале бо ин ҳол мансабдорон бояд ба он омода бошанд.

Сайфулло Сафаров

"Ду масъалаи ҷиддӣ дар солҳои 90-ум буд, яке ҳизббозӣ дигаре истеъфбозӣ буд. Ман он қадр тарафдори ин нестам, вале аз истеъфо тарсидан лозим нест ва ин ҳам як фарҳанги сиёсии миллати мо бояд бошад. Аз ин гап сахт хафа шудан даркор нест. Чун мо дар давлати демократӣ зиндагӣ дорем ва бояд бо якдигар рубарӯ суҳбат карда тавонем. На инки аз якдигар ранҷем", - гуфт ӯ.

Ҳарфи истеъфо дар фазои сиёсии Тоҷикистон нахустин бор алайҳи Қаҳҳор Маҳкамов, Иззатулло Ҳаёев ва Ғоибназар Паллаев дар моҳи феврали соли 1990, замоне ки Шӯравӣ пойбарҷо буд, садо додааст. Ин роҳбарон – Котиби аввали Ҳизби коммунист, раиси Шӯрои олӣ ва раиси Шӯрои вазирон – таҳти фишори тазоҳургарон истеъфои худро эълон намуданд. Баъдан ба мансабҳояшон барқарор шуданд, ҳарчанд дар ниҳояти амр президент Маҳкамов таҳти фишори Шӯрои олии вақт маҷбур шуд, аз нав ба истеъфо биравад.

Раҳмон Набиев

Сипас, дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар моҳи сентябри соли 1992 раиси ҷумҳури вақти кишвар Раҳмон Набиев низ таҳти фишори нерӯҳои мухолиф ба хатти истеъфои худ имзо гузошт.

Ба камияш дар ҳабдаҳ-ҳаждаҳ соли ахир, агар истеъфои Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро аз мақоми мушовири аршади президент дар масоили ҳуқуқӣ истисно кунем, дар фарҳанги сиёсии Тоҷикистон вожаи “истеъфо” ба фаромӯшӣ рафтааст. Танҳо дар баъзе аз фармонҳои барканории баъзе мақомдорони сатҳи поёнӣ гуфта мешавад, ки гӯё бо хоҳиши худ аз кор рафтанд. Аз ҷумла, моҳи майи имсол дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки бо фармони президент Саид Рустамзода бо хоҳиши худ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод карда шуд. Аммо дар бораи сабабҳои истеъфои додрас чизе маълум нест.

Хабарнигори тоҷик Ҳакими Даврон мегӯяд, барои онки истеъфо дар Тоҷикистон ба фарҳанг ва ҷуръат табдил ёбад, тафаккури мардум ва мансабдорон бояд тағйир кунад. “Пеш аз ҳама, мардум дарк кунандки дар ҷомеаи мардумсолор мансабдор хидматкори онҳост, на хоҷаи онҳо”, - хулоса кард ӯ.