“Фарзандони мо дувумдараҷа ҳастанд?”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аҳолии деҳаи Танёл, воқеъ дар ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб, аз ҳазор нафар гузаштааст. Аммо солҳост, ки мактаби ин деҳа дар ошёнаи аввали як манзили шахсӣ ҷойгир аст. Сокинони деҳаи Талён гуфтанд, беш аз бист сол боз давутози онҳо барои бунёди мактаби нав идома дорад.