Гулрухсор: “Искандари Хатлонӣ 12 кило китоб нанавишт, аммо хуб навишт”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар рӯзи 63-солагии Искандари Хатлонӣ, шоир ва журналисти маъруфи тоҷик, аз ӯ ба унвони ватансарои камназир ва шоири фаротар аз Тоҷикистон ном бурда шуд. Дар 46 соли зиндагӣ ин адиби тоҷик бо осори дар шумора начандон бузурги худ марзи кишварҳои форсзабонро убур кард ва қалби ҳамватану ҳамзабононро тасхир кард.