Боздошти ходими сафорат боиси баҳси дипломатӣ миёни Вашингтону Анкара шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар пайи ҷанҷоли марбут бо як ходими идораи консулии ИМА дар Истанбул, ки аслан шаҳрванди Туркия мебошад, ИМА ва Туркия тақдими раводиди сафар ба кишварҳои якдигарро маҳдуд карданд. Муноқишаи дипломатӣ рӯзи ҳаштуми октябр баъди боздошти ходими консулгарии Амрико оғоз ёфт.