Кӯдакони тоҷик дар бораи президент чӣ медонанд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 5-уми октябр ба синни 65 расид. Ӯ аз соли 1992 ба ин тараф зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз кӯдакону наврасони тоҷик дар хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки дар бораи раиси ҷумҳур чӣ медонанд.