Хуб ё бад? Баҳои сокинони Тоҷикистон ба Made in China
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бархе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон гуфтанд, ки чаро онҳо аз маҳсулоти сохти Чин истифода мекунанд. Ин гуруҳи сокинон бовар доранд, ки пеш аз ҳама маҳсулоти чинӣ нархи арзон дошта, дар ҳамаи бозорҳои кишвар имкони пайдо карданашон вуҷуд дорад. Аммо бархе аз ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ки маҳсулоти чинӣ дер намепояд ва аз ин рӯ бештари вақт аз харидорӣ ва истифодааш худдорӣ мекунанд. Шумо ҳам дар рӯзгоратон аз маҳсулоти сохти Чин истифода мекунед?