ДИИШ навори ду асири русро пахш кард, ки дар Сурия боздошт шудаанд

Сокинони беҷошудаи Дайр-аз-Зур. 2-юми октябри соли 2017

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" навореро пахш кард, ки дар он гӯё ду шаҳрванди Русия сабт шудаанд. Дар ин бора вебсайти "Лента.ру" рӯзи 3-юми октябр хабар дод.

Яке аз онҳо худро Заболотний Роман Василевич муаррифӣ кард ва гуфт, ӯ ҳангоми ҳуҷуми ҷавобии ҷиҳодиҳо ба шаҳраки Шули Сурия асир афтод. Ин нафар аз асири дигар Сурканов Григорий Михайлович ном бурд, ки дар тӯли навори 30-сониягӣ хомӯш буд. Дар чеҳраи ҳарду осори латту кӯб мушоҳида мешуд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар бораи ҳалокати як сарбози рус ва асир шудани ду нафари дигар дар минтақаи Дайр-аз-Зур рӯзи 28-уми сентябр хабар дод.

Вазорати дифои Русия ин хабарро рад кард. Намояндагони пойгоҳи Хмеймим гуфтанд, "тамоми сарбозони Русия дар Сурия зиндаву саломат ва дар пайи иҷрои вазифа ҳастанд".