"Агар пул медоштам, писарамро хонадор мекардам, на инки мошин мехаридам"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин дафъа хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарони хиёбонҳои шаҳри Душанбе пурсид, ки ҳамин ҳоло ба чӣ қадар пул омода ҳастанд, ки мошин бихаранд. Бархе аз сокинон аз 1 то 20 ҳазор сомониро ба забон оварданд. Аммо дар ин қатор онҳое низ буданд, ки гуфтанд, ин шабурӯз аслан дар фикри мошинхарӣ нестанд. Яке аз онҳо гуфт, агар пул медошт, писарашро оиладор мекард, на инки мошин мехарид. Шумо дар чӣ фикр ҳастед? Оё омода ҳастед, ки ин шабу рӯз мошин бихаред? Ба чанд сомонӣ ё чанд доллар?