Дастаи “Истиқлол»-и Душанбе рӯзи 27-уми сентябр дар финали байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2017 бо тими «Бенгалуру”-и Ҳиндустон рақобат мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19:00 шуруъ мешавад.
Дар як нишасти хабарӣ, ки дар арафаи бозии “Истиқлол” ва “Бенгалуру” имрӯз, 26 сентябр, дар Душанбе доир шуд, Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии «Истиқлол», гуфт, “мо ба бозӣ муқобили “Бенгалуру” ҷиддӣ омодагӣ дидем. Мо роҳи тӯлониро тай кардем ва ҳоло то финал ҳамагӣ ду қадам мондааст. Фардо мо ҳатман бо рақибамон сахт бозӣ мекунем. Мекӯшем, ки бозии беҳтарини худро намоиш бидиҳем. Аз ҳама муҳим ин аст, ки кори мо омад кунад. Ба мушкилиҳо дар бастагӣ ба ҳайати даста нигоҳ накарда, ман фикр мекунам, ки мо тамоми қувваамонро баҳри ғалаба сафарбар менамоем”.
Ғолиби ҷуфти “Истиқлол” – “Бенгалуру” аз рӯи натоиҷи ду бозӣ маълум мегардад. Бозии ҷавобӣ рӯзи 18-уми октябр дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон баргузор хоҳад шуд.
Алберто Рока Пуйол, сармураббии «Бенгалуру», ки як замон ба ситоди мураббиёни «Барселона»-и Испания шомил буд, дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки ба муваффақияти дастааш дар бозӣ муқобили «Истиқлол» дар финали байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 бовар дорад. Вай афзуд, “мо ба бозӣ омодаем. Ҳам мо ва ҳам «Истиқлол» дастаҳои хеле ҷавону пурғайратанд, ки дар ин мусобиқа мақсадҳои ҷиддӣ доранд. Мо ба инҷо баҳри пирӯзӣ омадаем ва мекӯшем, ки ба хона бо натиҷаи мусбат баргардем”.
Дастаи “Бенгалуру”, қаҳрамони дукаратаи Ҳиндустон ва финалисти мусобиқаи порсолаи Ҷоми AFC, рӯзи 25-уми сентябр ба Душанбе омад. Ба ҳайати даста таҳти раҳбарии сармураббӣ Алберто Рока Пуйоли испаниягӣ 18 футболбоз дохил аст. Валентин Коваленко, довари FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол), аз Узбакистон сардовари бозии “Истиқлол” ва “Бенгалуру” таъин шудааст.
Ғолиби ҷуфти “Истиқлол” – “Бенгалуру” аз рӯи натоиҷи ду бозӣ маълум мегардад. Бозии ҷавобӣ рӯзи 18-уми октябр дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон баргузор хоҳад шуд.
Шоми имрӯз, 26-уми сентябр, дар бозии ҷавобии финали минтақаи ғарбӣ «Ал-Қувва Ал-Ҷавия»-и Ироқ дар майдони худ бо «Ал-Ваҳда»-и Сурия рӯбарӯ мешавад. Дар бозии аввали ин дастаҳо, ки 12-уми сентябр барпо гардида буд, «Ал-Ваҳда» бо ҳисоби 2:1 ғолиб шудааст.
Дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017, ки рӯзи 4-уми ноябр барпо мегардад, ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон)/«Бенгалуру» (Ҳиндустон) бо ғолиби ҷуфти «Ал-Ваҳда» (Сурия)/«Ал-Қувва Ал-Ҷавия» (Ироқ) рақобат мекунад.
Ҷоми АFC-2017
Финали байниминтақавӣ. Бозии аввал
27 сентябр (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:00
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)
Сардовар: Валентин Коваленко (Узбакистон).
Ёварони сардовар: Маъмур Саидқосимов, Ҳусниддин Шодмонов (ҳарду аз Узбакистон).
Довари эҳтиётӣ: Азиз Осимов (Узбакистон).
Нозири доварон: Салим Саид Ал-Сувайдӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб).
Комиссари бозӣ: Парк Сеонг Кин (Кореяи Ҷанубӣ).
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Бозии ҷавобӣ
18 октябр (чоршанбе)
«Бенгалуру» (Ҳиндустон) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Минтақаи ғарбӣ. Финал
Бозии аввал
12 сентябр (сешанбе)
«Ал-Ваҳда» (Сурия) – «Ал-Қувва Ал-Ҷавия» (Ироқ) – 2:1
Бозии ҷавобӣ
26 сентябр (сешанбе)
«Ал-Қувва Ал-Ҷавия» (Ироқ) - «Ал-Ваҳда» (Сурия)
Финали Ҷоми AFC-2017
4 ноябр (шанбе)
Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон)/«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – Ғолиби ҷуфти «Ал-Ваҳда» (Сурия)/«Ал-Қувва Ал-Ҷавия» (Ироқ)