10 миллион доллар кумак ба занони соҳибкори Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон, ки занон ба тиҷорати хурду миёна машғуланд, қарор аст, ба зудӣ тарҳи чандмиллиондолларӣ барои кумак ба онҳо шурӯъ шавад. Як муассисаи байналмилалии молӣ гуфт, ки мехоҳад ба занони тоҷик 10 миллион доллар ёрӣ кунад, то онҳо ширкатҳои бештар боз кунанд ва ҷойи корҳои нав офаранд.