Чанд лаҳза дар муҳосираи оташ. Ҷузъиёти сӯхтор дар як хобгоҳи Душанбе. АКС

Беш аз даҳ сокини хобгоҳи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо иллати заҳролудшавӣ аз дуди ғализи сӯхтори шаби 22-юми сентябр ба бемористонҳои шаҳри Душанбе интиқол ёфта, ба камияш чаҳор нафари онҳо ҳанӯз таҳти назорати ҷиддии пизишкон ҳастанд. Ин чаҳор нафар субҳи шанбе аз шуъбаи эҳё дар бемористони рақами 3-и пойтахт, маъруф ба “ожоговий”, берун шуда, дар ҳуҷраҳои одӣ ҷойгир гардиданд. Ҳодисаи сӯхтор шаби 22-юми сентябр дар даромадгоҳи хобгоҳ рух додааст. Мақомоти Вазорати умури дохилӣ гуфтанд, ки "сӯхтор саривақт хомӯш гардид ва марги одамон сабт нашудааст”.

Дар ҳоле ки мақомоти Донишкада ҳеҷ иттилоеро дар ин бора дар ихтиёри хабарнигорон нагузоштанд, манобеи мустақил мегӯянд, чанде аз донишҷӯён ба бемористонҳои "Истиқлол" ва "Советский 1" низ бурда шудаанд. Ҳоло ҷойи ҳодисаро бо матоъ печондаанд.

13 нафар танҳо дар бемористони рақами 3

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир сабабу зарар ва гунаҳкори ҳодисаро муайян мекунанд.

Ғуломҳайдар Маҳмадалиев, сарпизишки бемористони рақами 3, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта ба шифохонаи онҳо сездаҳ донишҷӯи Донишкадаи фарҳанг ва санъат бо иллати заҳролудшавӣ аз дуди карбон оварда шуданд.

Ӯ гуфт, дар миёни донишҷӯён касе осори сӯхтагӣ надошт ва барои ҳамин бархеи онҳоро баъд аз муоина ва таъини дору ба хонаҳояшон ҷавоб доданд.

Мадина, яке аз донишҷуён, ки ҳанӯз таҳти назорати пизишкон аст, гуфт, барои чанд дақиқа дар муҳосираи оташ буданд ва аз як тараф дуди ғализ ва аз тарафи дигар тарси зинда намондан онҳоро аз пой афтонд. Ӯ гуфт, сӯхтор дар даромадгоҳи хобгоҳ сар зад ва нагузошт, ки онҳо аз ошёнаи чаҳорум зуд поён шуда, ба берун бароянд.

"Ҳама тарсид, чанд нафар аз ҳуш рафт..."

“Дар ошёнаи аввал анбор ҳаст, сӯхтор аз ҳамонҷо сар шуд. Дар ошёнаҳои дувуму севум писарон зиндагӣ мекунанд. Мо дар ошёнаи чаҳорум будем. Ҳама тарсид ва чанд нафар аз ҳуш рафт”, - нақл кард Мадина.

Сафарбегим, сокини дигари хобгоҳ, ки шоҳиди ҳодиса будааст, гуфт, шаби гузашта бо вуҷуди мушкилӣ ҳамаи донишҷӯён ба берун бароварда шуданд. Ӯ гуфт, “касе насӯхт. Фақат баъзеҳо дар ҳолати тарсу афсурдагӣ буданд ва ба ин хотир ба бемористон интиқол дода шуданд.”

Аммо шоҳидон мегӯянд, сӯхтор ҳудуди ним соат идома кард ва бо сабаби зиёд будани алангаи оташ имкони саривақт берун кардани донишҷуёни табақаҳои болоӣ мушкил буд.

Дар хобгоҳ тақрибан 500 кас зиндагӣ мекунад

Ҷои сӯхторро пӯшондаанд

Дар хобгоҳи Донишкадаи фарҳанг ва санъат дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳудуди 500 донишҷӯ аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Ин хобгоҳ дар шафати хобгоҳи донишҷӯёни консерваторияи миллии Тоҷикистон дар маҳаллаи наздик ба бозори “Саховат” ҷойгир аст.

Ҳоло дар маҳалли ҳодиса поккорӣ идома дорад ва масъулини донишкада гуфтанд, ки рӯзҳои наздик сабабҳои сӯхтор ва ҳаҷми хисорот эълон хоҳад шуд. Як устоди ин донишкада гуфт, онҳо барои бехатарии донишҷӯён шабона як гурӯҳи онҳоро дар ошхонаи “Лазиз” ҷой карданд. Субҳи шанбе низ бархе донишҷӯёне, ки хонаи хешовандонашон дар пойтахт аст, барои як муддат аз хобгоҳ ҷавоб дода шуданд.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як иттилоия сӯхтор дар бинои хобгоҳи Донишкадаи фарҳанг ва санъатро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир сабабу зарар ва гунаҳкори ҳодисаро муайян мекунанд.

14 кушта ва ним тақрибан миллион доллар зарар аз сӯхтор

Дар шаш моҳи аввали имсол дар кишвар тақрибан 600 сӯхтор сабт шуда, бар асари ин ҳодисаҳо 14 нафар ҷон бохта ва 20 нафар ҷароҳати гуногун бардоштаанд. Зарари расида аз ин сӯхторҳо тақрибан ним миллион доллар ҳисоб шудааст.

Дар Тоҷикистон бештар хонаи сокинон, бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ оташ мегирад. Дар гузашта сӯхтор дар хонаи беморони рӯҳии ноҳияи Ҳисор ва хона-интернати кӯдакони маъюби “Чорбоғ” ҳам рух дода, зарари молӣ ва ҷонӣ расонда буд. Сабаби аксари ин сӯхторҳо расиши ноқилҳои барқ гуфта мешавад.