Биржаи Люксембург: Э.Раҳмон танҳо кафили сармояҳои хориҷист

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Дар маълумотномаи марбут ба вомбаргҳои давлатии Тоҷикистон, ки айни замон дар Биржаи Люксембург дар фурӯш қарор доранд, риск ё хатарҳои сармоягузорӣ ба бозори Тоҷикистон таҳлил шудааст. Ин санади 144-саҳифаиро Сitigroup-и Амрико ва Raiffeisen Bank International-и Олмон бар пояи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон барои сармоягузорон ва харидорони вомбаргҳои давлатии кишвар таҳия кардаанд.

Муаллифон талош мекунанд, вазъияти сиёсиву иқтисодӣ дар кишварро тасвир карда нишон диҳанд, ки кафили амнияти сармояҳои онҳо дар ин кишвар кӣ аст. Дар мавриди Тоҷикистон муаллифон ба сармоядорони паёми возеҳ додаанд, ки амнияти сармояҳои эшон дар ин кишвар аз сари қудрат боқӣ мондани Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст

Рискҳои сиёсӣ

Дар “Luxembourg Listing Prospectus” шароити имрӯзаи иқтисоди Тоҷикистон ва дурнамои он, инчунин, рискҳои сармоягузорӣ дар ин кишвар ба сармоядорон маълумот ироа гардидааст. Тағйирёбии сиёсати андозбандӣ дар Тоҷикистон ва эҷоди монеаҳои сунъиии тиҷоратӣ аз сӯи шарикони Тоҷикистон яке аз рискҳои сармоягузорӣ дар ин кишвар гфта мешавад.

Муаллифони ин гузориш дар бахши “Рискҳои сиёсии вобаста ба даврони гузариш ба демократия” дар Тоҷикистон навиштаанд, Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 президенти кишвар аст ва соли 2013 бо ба даст овардани 84 дарсади раъйи интихобкунандагон бори дигар раиси ҷумҳур интихоб шуд.

Суоли сармоядорон аз ҳайати Тоҷикистон дар Лондон чӣ буд?

Муаллифони ин “Дуранамо” ҳамчунон навиштаанд, баъди таҳрири Конститутсияи Тоҷикистон дар соли 2016 “Эмомалӣ Раҳмони 64-сола ҳаққи бидуни мӯҳлат пешбарӣ кардани номзадиаш ба мақоми президентиро ба даст овард, вале “кафолате вуҷуд надорад, ки ӯ хоҳиши ширкати навбатӣ дар интихоботро дошта бошад”.

Дар идома гуфта мешавад: “Дар сурате ки ӯ бихоҳад бо кадом сабабе бидуни интиқоли нарми қудрат ба як ҷойгузине мақомашро тарк кунад, вазъи сиёсии Тоҷикистон бесубот ва фазои сармоягузории Тоҷикистон бадтар мешавад. Чунин вазъият ба иқтисоди Тоҷикистон ва қобили пардохтпазириаш (манзур бозгардони пул ва баҳраи вомбаргҳои давлатӣ) метавонад таъсир гузорад”.

Қасри Миллат

Ба ибораи дигар, муаллифони ин гузориш таъкид кардаанд, ки суботи Тоҷикистон ва кафолати бозгардони сармояҳо дар дар ин кишвар гузоштаи онҳо дар сари қудрати боқӣ мондани президент Эмомалӣ Раҳмон аст.

Коршинос: “Демократӣ ё ғайридемократӣ будани режимҳо аҳамият надорад”

Анвар Камолов, як таҳлилгари тоҷик мегӯяд, барои аксар сармоягузорон демократӣ будан ва набудани режимҳо чандон аҳамият надорад. “Ягона манфиати онҳо ин амнияти сармояҳо ва саривақт бозгаштани маблағҳо бо фоизҳояш аст. Чунин гузоришҳо, қабл аз ба фурӯш баромадани вомбаргҳои ҳар давлат таҳия карда мешавад. Муаллифон талош мекунанд, вазъияти сиёсиву иқтисодӣ дар кишварро тасвир карда нишон диҳанд, ки кафили амнияти сармояҳои онҳо дар ин кишвар кӣ аст. Дар мавриди Тоҷикистон муаллифон ба сармоядорони паёми возеҳ додаанд, ки амнияти сармояҳои эшон дар ин кишвар аз сари қудрат боқӣ мондани Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст”, - афзуд ӯ.

38%-и вомбаргҳо барои сохтмони Роғунро амрикоиҳо харидаанд

Дар Тоҷикистон дар мавриди ояндаи интиқоли қудрат фарзияву гумонзаниҳо зиёд нестанд. Аксар таҳлилгарони сиёсӣ интиқоли қудрат ба яке аз фарзандон ва ё аҳли хонаводаи президент Эмомалӣ Раҳмонро дар ояндаи наздик мумкин медонанд.

Ду паёми Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ ва Русия?

Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев, иқтисоддони дигари тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, гуфт, дақиқ маълум нест, ки маблағҳо аз фурӯши вомбаргҳои давлатии Тоҷикистон айни замон ба суратҳисобаш ворид шуданд ва ё на, “аммо тими блоки иқтисодии кишвар бо эълони фурӯши маблағҳо дар бозори ҷаҳонӣ ба ду ҷониб паём медиҳанд, ки якеаш Русия ва дигараш созмонҳои байналмилалии молиявӣ аст.” Ӯ гуфт, фурӯши вомбаргҳо аз ҳамин назар бештар аҳамияти сиёсӣ дорад, то иқтисодиву молӣ.

“Ҷалби маблағ тариқи фурӯши вомбаргҳо қабл аз ҳама як паёме ба сӯи Кремлин аст, ки бубинед, мо бидуни пулҳои ширкатҳои шумо, ба мисли Русалу, РАО ЕЭС ҳам роҳамонро меёбем. Дар ин ҳолат Тоҷикистон мустақилияти комили худро ба намоиш мегузорад, ки метавонад мустақим бо кишварҳои Ғарб додуситад кунад. Харидорӣ шудани ин вомбаргҳо низ аз сӯи сармоядорони ғарибиву амрикоӣ то ҷое нишонаи ҷонибдории ғайримустақими онҳо аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи сохтмони Роғун аст”, - афзуд ӯ.

Абдуллоев афзуд, Тоҷикистон метавонист ҳамин 500 миллион доллар маблағро аз созмонҳои байналмиллалии молӣ назири Сандуқи Байналмилалии Асъор ва ё Бонки Ҷаҳонӣ бо фоизҳои хеле пасттар аз вомбаргҳо ба даст биёрад.

500 миллион доллар вомбаргҳои давлатии Тоҷикистон

Дар чанд акси Бонки Миллӣ аз ҷараёни “роуд-шоу” Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси бонк ва домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон дида мешавад, ки ба сармоягузорон вомбаргҳоро муаррифӣ мекунад.

Тоҷикистон 500 миллион доллар вомбаргҳояшро бо купони даромаднокии солонааш 7,125 ба фурӯш баровард. Харидорони асосии коғазҳои қимматноки Тоҷикистон аз Амрико ва Иттиҳоди Аврупо буданд. Аммо Зафар Абдуллоев гуфт, вақте созмонҳои байналмилалӣ қабл аз додани пул як чанд шарти сиёсӣ ва роҳандозии ислоҳотро аз Тоҷикистон тақозо карданд, зоҳиран ҳукумат онҳоро қабул накард: “Тоҷикистон бо ин амалкардаш ҳамакнун ба созмонҳои байналмилалӣ низ ба шакле паём медиҳад, ки замоне шумо барои маблағҳоятон пешшарт мегузоред, мо метавонем аз бозорҳои ҷаҳонӣ онро ба даст биёрем, ҳарчанд бо фоизҳои баландтар.”

Зимнан Тоҷикистон қабл аз он ки вомбаргҳояшро ба бозори ҷаҳонӣ ба фурӯш барорад, аз Сандуқи Байналмилалии Пул барои ҷалби 500 миллион доллар қарз дархост карда буд. Аммо масъулони СБП қабл аз додани ин миқдор маблағ аз Тоҷикистон талаби якчанд ислоҳотро кард, ки зоҳиран Душанбеи расмӣ онро қабул надорад.