Созмони Шӯрои норвежӣ дар умури паноҳандагон мегӯяд, баъди чанд рӯзи шурӯи ҳисобу китоби паноҳандагон дар як қароргоҳи изтирорӣ дар Мосул, мушаххас шудааст, ки дар миёни онҳо 31 хонаводаи тоҷикистонӣ ҳам мебошанд. Қаблан ин созмон гуфт, ки шумори занону кӯдакони тоҷик дар ин паноҳгоҳ аз 10 нафар зиёд нест.
Дар паноҳгоҳе, ки шурӯъ аз 30 август дар канораҳои Мосул ташкил шудааст, 1400 зану кӯдаки хориҷие ба сар мебаранд, ки бовар меравад ҳамсару бародаронашон ҷангиёни узви гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” мебошанд. Ин паноҳҷӯён баъди торумор шудани пойгоҳи ДИИШ дар
Як зан гуфтааст, ки танҳо ва бешавҳар буд ва ба ақидаҳои ДИИШ дода шуда ба Сурия рафт. Ҳамроҳ бо ӯ се фарзандаш ҳам ба ин қаламрав омаданд
шаҳри Талафари Ироқ ба ин ҷо омаданд. Ин паноҳгоҳ зери назари ҳукумати Ироқ қарор дорад ва бархе созмонҳои байналмилалии башарӣ ба онҳо кӯмак мекунанд.
Меланӣ Мархам, сухангӯи Шӯрои норвежӣ дар умури паноҳандагон, ки аз Ироқ сӯҳбат мекард, рӯзи 14 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти ироқӣ бозпурсӣ ва таҳияи феҳристи паноҳандагон ва ҳам сабтноми шаҳрвандии онҳоро идома медиҳанд ва ин ҷараён ҳанӯз хотиа наёфтааст. Вай гуфт, ки то ҳол 31 хонавода худро ба ҳайси шаҳрванди Тоҷикистон ва 16 хонавода аз Узбакистон муаррифӣ кардаанд. Аксари дигар паноҳандагон бовар меравад, ки ҳадди аққал аз 13 кишвар, аз ҷумла, Туркия, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Озарбойҷон ва ғайр мебошанд.
"Занону кӯдакон гуноҳ надоранд, ки ба ин ҳол афтоданд"
Меланӣ Мархам гуфт, ки хонаводаҳои тоҷик аз 1 то 6 узв доранд ва ҳар як хонаводаро занон раҳбарӣ мекунанд. Вай гуфт, ки ҳанӯз шонси сӯҳбат бо ин паноҳандагонро надорад, чунки ба кӯмаки як тарҷумони форсизабон ниёз дорад. Вай гуфт, ки ҳамаи ин афрод ба ҳайси гумонбарони аъзои оилаҳои ДИИШӣ арзёбӣ мешавад:
“Онҳо гуноҳ надоранд, ки ба ин ҳол афтодаанд. Онҳо ҷанг накардаанд, онҳоро ба ин ҷо овардаанд”, гуфт Мархам. Ин намояндаи созмони Шӯрои норвежӣ дар умури паноҳандагон гуфт, рӯзи 14 сентябр шахсан худаш бо як зане аз Доғистон сӯҳбат кардааст.
Ин зан гуфтааст, ки танҳо ва бешавҳар буд ва ба ақидаҳои ДИИШ дода шуда ба Сурия рафт. Ҳамроҳ бо ӯ се фарзандаш ҳам ба ин қаламрав омаданд. Вай нагуфт, ки саргузаштҳои ин модари се фарзанд дар қаламравҳои зери парчами сиёҳ чӣ гуна гузаштааст, вале гуфт, ӯ низ дар қатори дигар паноҳандагон дар ин макон боқӣ мемонад.
Ҳукумати Ироқ гуфтааст, ки мехоҳад аз роҳи сафоратхонаҳои кишварҳо паноҳандагонро дубора ба ватанашон фиристад, чунки тавони дурудароз нигаҳ доштани онҳоро дар ин макон надорад. Шароити нигаҳдории паноҳандагонро Меланӣ Мархам “хоксор, вале аз рӯи меъёрҳои зарурӣ” арзёбӣ кард ва гуфт, онҳо дар хаймаҳо ба сар мебаранд, ба ғизову кӯмаки тиббӣ дастрасӣ доранд, дар рӯи матрас ё кӯрпача шабро рӯз мекунанд ва хаймаҳояшон пайваста тамизкорӣ мешавад.
Зимнан, дар наворҳои видеоии оҷонсии Рейтерс, ки аввал шуда хабари дар ин қароргоҳ ҷамъ омадани 1400 паноҳандаро рӯзи 10 сентябр пахш кард, дида мешавад, ки дар дохили хаймаҳои васеъ рӯи замин занҳои чодарпӯши сиёҳ бо рӯйҳои пӯшида ва кӯдакони хурдсоли зиёд қарор доранд. Дар замин шишаҳои пластикии обу нишонаҳои ғизо ба чашм мехӯрад. Масъулин мегӯянд, синни кӯдакон аз ширхор то ноболиғ мебошад.
Бовар меравад, ки падар ва ҳамсарони онҳо нопадид ё кушта шудаанд ва онҳое, ки зинда дастгир шудаанд, дар боздошт ба сар мебаранд. Як корманди дигари созмони хайрияе дар Ироқ Бахтигул Кубаничбек аст. Ин зани қирғизтаабор дар созмони байналмилалие дар ҳудуди Курдистони Ироқ кор мекунад.
Вай рӯзи 13 сентябр дар сӯҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки садҳо нафар аз пайвандони ҷангиёни ДИИШ дар паноҳгоҳҳои вижа нигаҳдорӣ мешаванд ва аксарашон арабтаборони маҳаллӣ буда, аҳёнан дар миёнашон шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ҳам ба назар мерасад. Ӯ дар як сӯҳбат бо Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳоло аз минтақаҳои зери назорати ДИИШ ҳазорон зану кӯдак озод мешаванд, ки на ҳамаи онҳо хориҷиёнанд.
Таҷрибаи ин занону кӯдакон хеле талх аст
Танҳо дар миёни ҳазорон нафар теъдоде аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор доранд. Ҳоло созмонҳои байламилалӣ бар асоси созишномаҳои байналмиллаӣ мехоҳанд сарнавишти онҳоро ҳал кунанд”. Бахтигул Кубаничбек афзуд, ки дар паноҳгоҳҳо танҳо занону кӯдакон нигаҳдорӣ мешаванд ва теъдоде аз ҷангиёни ДИИШ, аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна, ки боздошт шудаанд, дар ҷойҳои вижа нигаҳдорӣ мешаванд.
“Занону кӯдаконе, ки ҳоло дар ин паноҳгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд, рӯзҳои сахтеро пушти сар кардаанд. Шоҳиди бомборон будаанд, гуруснагӣ кашидаанд, аз лиҳози равонӣ дар тарсу ҳаросанд”, - гуфт ӯ.
Ҳоло созмонҳои байналмиллаӣ ба ин занону кӯдакон танҳо аз лиҳози башарӣ кӯмак мекунанд. Мушаххас кардани ҳуввият ва баргардонидани онҳо ба ватанашонро кори мақомоти Ироқ ва кишварҳои онҳо аст. Хонум Бахтигул низ мегӯяд, ҳукумати Ироқ ваъда додааст, ки сарнавишти баъдии занону кӯдаконро бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ҳал мекунад.
Тибқи иттилои расмӣ беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтааст ва беш аз 300 нафари онҳо бо оилаҳояшон рафтаанд. Бори аввал аст, ки як созмон аз нигаҳдории 31 хонаводаи тоҷик дар паноҳгоҳе дар Мосул хабар медиҳад. То ҳанӯз ҳуввияти ин афрод маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, бо сафорати Ироқ дар Қазоқистон ва Русия дар тамос аст, то иттилои бештаре дар бораи шаҳрвандони боздоштшудааш бигирад.
Моҳи гузашта танҳо як духтари тақрибан ҳафтсола дар сӯҳбаташ бо телвизиони “Russiа today” гуфт, ки Мария ном дорад ва падару модараш аз Тоҷикистон ҳастанд. То ҳоло ҳеҷ як шаҳрванди Тоҷикистон аз Ироқу Сурия пас аз озодсозии минтақаҳои таҳти назорати ДИИШ ба ватан баргардонида нашудаанд. Русия танҳо чанд шаҳрванди худ - занон ва кӯдаконро тавонист ба зодгоҳашон баргардонад.