Ҳалокати раиси фурудгоҳи Хоруғ аз боди чархболи президент. ВИДЕО

Дилдор Мақсудшоев – сардори фурудгоҳи Хоруғи вилояти Бадахшон – ҳангоми боло шудани чархболи президенти Тоҷикистон аз деҳаи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз аз вазиши бод ба санге бархӯрда, сахт маҷрӯҳ шуд ва дар роҳ ба сӯи бемористон ҷон дод. Як манбаъ дар раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон ҳалокати Мақсудшоевро тасдиқ кард ва гуфт, “ин як тасодуф буд”.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 13-уми сентябр дар деҳаи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз қарор дошт.

Манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон гуфт, ҳодиса зуҳри чаҳоршанбе рух дод ва ҳоло ҷасади Дилдор Мақсудшоев ба Хоруғ интиқол ёфтааст. Интизор меравад, ки фардо маросими дафни ин мард баргузор шавад.

Як манбаи дигар дар ҳукумати ноҳия Дарвоз гуфт, сардори фурудгоҳ рӯи қолине қарор дошт, ки ба пешвози президент густурда буданд. “Ҳангоми парвози чархбол бод қолинро ба сари сардори фурудгоҳ зад ва ӯ бо қолин афтод. Сараш ба санг бархӯрд ва сахт маҷруҳ шуд”, - гуфт мусоҳиби мо.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳалокати раиси фурудгоҳи Хоруғ аз боди чархболи Президенти Тоҷикистон

Ба қавли ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, Мақсудшоевро фаврӣ ба бемористони марказии ноҳияи Дарвоз интиқол доданд, вале ӯ дар роҳ даргузашт.

Рӯзи 13-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози вилояти мухтори Бадахшон сафари корӣ дошт. Ӯ дар Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз манзилҳоеро, ки барои сокинони осбедида аз сел бунёд шуда буданд, ифтитоҳ кард ва бо мардум сӯҳбат намуд.

Бар асари боришоти зиёд ва омадани сел аз самти Афғонистон дар рӯзҳои 8 ва 9-уми июли имсол маҷрои дарёи Панҷ дар ҳудуди рустоҳои Хостав ва Ширговади ноҳияи Дарвоз баста шуда, дар ҳарду деҳа беш аз бист манзил ва тақрибан як километр роҳ зери об монда буд.