Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт – ҷараён дорад, варзишгари тоҷик Садр Боев ноком шуд. Ӯ севумин намояндаи Тоҷикистон аст, ки бе медал монд.
Садр Боев имрӯз, 31-уми август, дар вазни зери 81 кило рақобат кард. Вай, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Никон Забороскиус (Молдова) шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, аз ин пеш дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт ду гуштигири тоҷик – Саидмухтор Расулов ва Беҳрӯзи Хоҷазода – аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд. Ҳарду паҳлавони тоҷик 30-юми август дар вазни зери 73 кило рақобат карданд. Саидмухтор Расулов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Ҷакуб Ҷесминек (Ҷумҳурии Чех) мағлуб гашт.
Беҳрӯзи Хоҷазода, ки дар даври аввал рақиб надошт, дар даври дувум Лукас Рейтери австриягиро шикаст дод. Баъдан ӯ бар паҳлавони Узбакистон Ғиёсҷон Бобоев дастболо шуд. Вале Беҳрӯз дар даври баъдӣ қувваозмоиро ба гуштигири маъруфи озарбойҷонӣ Рустам Оруҷов, ки дар феҳрасти Федератсияи байналмилали ҷудо (IJF) дар вазни зери 73 кило дар мақоми дувум аст, бохт.
Ҳамин тариқ, дар се рӯзи мусобиқа се паҳлавони тоҷик аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои қаҳрамонии ҷаҳон маҳрум шуданд. Боз се гуштигири тоҷик бар асоси қуръакашӣ аз рӯи ду вазн – 90 ва 100 кило - вориди рақобат мешаванд:
1-уми сентябр (ҷумъа)
Вазни - 90 кило – Комроншоҳи УСТОПИРИЁН (Тоҷикистон) – ғолиби ҷуфти Кристиан ТОТ (Маҷористон)/Роберт ФЛОРЕНТИНО (Доминикан);
2-юми сентябр (шанбе)
Вазни - 100 кило – Саидҷалол САИДОВ (Тоҷикистон) – Отгонбаатар ЛХАГВАСУРЕН (Муғулистон);
Вазни - 100 кило – Шакармамад МИРМАМАДОВ (Тоҷикистон) – Армандо ПИНЕДА (Гватемала).
Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт 729 варзишгар (439 мард ва 290 зан) аз 126 кишвар иштирок дорад. Мусобиқа то рӯзи 3-юми сентябр идома хоҳад кард. Гуштигирон барои 14 маҷмӯи медалҳо миёни мардону занон, инчунин, барои як маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта мубориза мебаранд.
Ғолибону ҷоизадорони се рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт
Мардон
60 кг
1. ТАКАТО Наохиса (Ҷопон)
2. САФАРОВ Орхан (Озарбойҷон)
3. ГАНБАТ Болдбаатарр (Муғулистон)
3. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Узбакистон)
66 кг
1. АБЕ Хифуми (Ҷопон)
2. ПУЛЯЕВ Михаил (Русия)
3. МАРГЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)
3. ФЛИКЕР Тал (Исроил)
73 кг
1. ҲАШИМОТО Соичи (Ҷопон)
2. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)
3. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ГАНБААТАР Одбаяр (Муғулистон)
Занон
48 кг
1. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)
2. МУНХБАТ Урансесег (Муғулистон)
3. ГАЛБАДРАХ Отгонсесег (Қазоқистон)
3. КОНДО Ами (Ҷопон)
52 кг
1. ШИШИМЕ Аи (Ҷопон)
2. ТСУНАДО Натсуми (Ҷопон)
3. КУЗЮТИНА Наталя (Русия)
3. МИРАНДА Эрика (Бразилия)
57 кг
1. ДОРҶСУРЕН Сумия (Муғулистон)
2. ЁШИДА Тсукаса (Ҷопон)
3. РЕСЕВИУС Ҳелен (Фаронса)
3. СМИТ-ДАВИС Никода (Бритониёи Кабир)
Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт мунтахаби Ҷопон бо касби ҳашт медал (5 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Мунтахаби Муғулистон бо касби чаҳор медал (1-1-2) дар мақоми дувум ва мунтахаби Озарбойҷон бо касби 2 медали нуқра дар мақоми севум қарор доранд.
Ин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба гуштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар феҳрасти Федератсияи байналмилалии ҷудо пурра намоянд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад. Ба ҷуз ин, маблағи ҷавоизи мусобиқа як миллион долларро ташкил медиҳад. Барои сабқати инфиродӣ 798 ҳазор доллар ва барои сабқати дастаӣ 200 ҳазор доллар ихтисос дода шудааст.
Ёдовар мешавем, аз байни ҳашт паҳлавони тоҷик, ки соли 2015 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон ширкат карда буд, танҳо як нафар - Комроншоҳи Устопириён - натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар вазни зери 90 кило мақоми панҷумро касб кард.
Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.
Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.