Танбеҳ гирифтани 25 милиса барои озору тамаъҷӯӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар пайи шикояти як сайёҳи турк Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 25 кормандашро ҷазо додааст. Меҳмет Генҷ як моҳ қабл дар Интернет аз ришвахории, ба қавли ӯ, густардаи милисаҳои тоҷик шикоят кард ва гуфт, ки чунин вазъро дар ҳеҷ ҷойи дигар надидааст.