Рақсу овозхонии Ориёно Саид дар миёни мавҷе аз таҳдидҳо

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ориёно Саид, овозхони маъруфи Афғонистон, бо вуҷуди таҳдидҳо ва ихтилофи шуморе аз уламои динӣ рӯзи 19-уми август дар ҷашни 98-умин солгарди истиқлоли кишвараш дар Кобул рӯйи саҳна омад ва барномаи ҳунариашро иҷро кард. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин барнома 5 ҳазор нафар иштирок доштанд.