Толеъ Холназаров: "Ҳамеша Тоҷикистонро ёд мекунам"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазнабардори маъруфи тоҷик Толеъ Холназаров, ки панҷ соли ахир варзишгарони маълули Имороти Муттаҳидаи Арабро тамрин медиҳад, феълан бо дастаи мунтахаби ин кишвар ба Душанбе омадааст. Ӯ тибқи қарордод бо Кумитаи паралимпии Имороти Муттаҳидаи Араб ба ҳайси мураббӣ дастаи мунтахаби ин кишварро ба мусобиқоти байналмилалӣ омода мекунад.